Тафсир : Дуввумин истеъфо дар артиши саҳюнистӣ ; аланӣ шудани табаъоти Тӯфони Алақсо
-
Тафсир : Дуввумин истеъфо дар артиши саҳюнистӣ ; аланӣ шудани табаъоти Тӯфони Алақсо
Ҳафт моҳи пас аз амалиёти Тӯфони Алақсо , «Аҳарон Ҳалива » раиси сервиси иттилооти низомии артиши режими саҳюнистӣ ба далели нокомӣ дар баробари амалиёти ҳафтуми октябри муқовимати Фаластин аз самти худ истеъфо дод .
Раиси сервиси иттилооти низомии артиши режими саҳюнистӣ дар номаи истеъфои худ ба «Ҳартзи Ҳоливӣ » раиси Ситоди муштараки артиши режим саҳюнистӣ гуфт : Ҷунбиши Ҳамос дар рӯзи шанбеи 7 октябри 2023 ҳамлаи хуниниро анҷом дод ки натоиҷи он хашин ва дарднок буд !
Бахши иттилоотӣ ки таҳти фармони ман аст ба маъмурияте, ки ба мо супурда шуда буд , амал накард ва ман аз ҳамон замон то абад ин рӯзи сиёҳро фаромӯш нахоҳам кард ва то ҳамеша ин дарди амиқро бо худ ба ҳамроҳ хоҳам дошт ! Ҳамчунин тайи ду рӯзи гузашта 2 тан аз мақомоти аршади режими саҳюнистӣ дар пайи нокомӣ дар баробари муқовимати Фаластин дар ҷараёни амалиёти Тӯфони Алақсои маҷбур ба истеъфо шуданд .
Режими саҳюнисти 7 моҳ рӯзона ҳамалоти ҳамаи ҷонибае алайҳи Ғазза анҷом дод то интиқоми Тӯфони Ғлақсоро бигирад , аммо ин ҳамалот ҳам шикасти дигариро барои саҳюнистҳо рақам зад зеро муваффақ нашуданд ба хусӯси гаравгонҳои худро аз дасти Ҳамос озод кунанд .
Пас аз амалиёти Тӯфони Алақсо ва дар тӯли 7 моҳи ҷанг , борҳо мардум дар арозии ишғолӣ бо баргузарии тазоҳуроти густардаи хостори барканории Кабина шуданд . Мунтақидони Нитанияҳу низ зимни таъкид бар лузӯми барканории Кабинаи Бинёмин Нитанияҳу , истеъфои мақомоти иттилоотиро низ хостор буданд .
Акнӯн истеъфои раиси Сервиси иттилооти низомии артиши режими саҳюнистӣ ва чанд мақоми дигари низомӣ дар вокуниш ба умқи шикасти иттилоотӣ истеъфо дод .
Илова бар шикаст дар амалиёти 7 октябр , ҷанг талабии Кабина ва густариши ҷабҳаи ҷанг ва ҳамчунин шикасте, ки ахиран дар пайи ҳамлаи низомии Эрон ба даст омад низ омили муҳими дигаре дар ин заминааст .
Посухи Эрон ба иқдоми ҷинояткоронаи режими саҳюнистии алайҳи сафорати Эрон дар Димишқ навъе шикаст барои Тел-Авив буд зеро мақомоти саҳюнистӣ пешбинӣ намекарданд Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ин ҷиноят посӯх диҳад .
«Омул Ҳарил » таҳлилгари умӯри низомии рӯзномаи саҳюнистии Ҳааретз гузориш дод : Пешбинии мо ин аст, ки шоҳиди мавҷи густардае аз истеъфо дар миёни мақомоти сиёсӣ ва низомӣ тайи давраи оянда ба далели шикаст дар муқобила бо амалиёти Тӯфони Алақсо бошем .
Истеъфоҳо дар миёни мақомоти иттилоотӣ ва низомӣ сабаби фишор бар Кабина Нитанияҳу хоҳад шуд , Кабинае, ки шадидан мутазалзиласт .