Апрел 29, 2024 10:21 Asia/Dushanbe
  • Идомаи боздошти донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар Амрико
    Идомаи боздошти донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар Амрико

Полиси Амрико дар рӯзҳои ахири дастиками 900 донишҷӯии ҳомии Фаластин ва муътариз ба наслкушии режими Исроил дар борикаи Ғаззаро боздошт кард .

Ба навиштаи рӯзномаи Вашингтон Пост , дар пайи ҷунбиши ҳамбастагӣ бо мардуми Ғазза ва эътирозҳо дар донишгоҳҳои Амрико ки аз донишгоҳи Кулумбиёи Ню-Йорк оғоз шуд ва ба соири донишгоҳҳои ин кишвар ва ҷаҳон дар ҳоли сироят аст , дастиками 900 нафар ҳаддиақал дар 15 донишгоҳи Амрико дар 10 рӯзи гузашта дастгир шудаанд. Донишҷӯён дар ҳимоят аз Фаластин ва дар эътроз ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза , ҳамкорӣ накардан бо ширкатҳое, ки “аз опортойди Исроил сӯд мебаранд“-ро хосторанд .