Апрел 29, 2024 11:15 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди аслӣ аз сӯи гуруҳҳои террористии ифротии мустақар дар Афғонистон мутаваҷҷеҳи Осиёи Марказӣ аст
    Таҳдиди аслӣ аз сӯи гуруҳҳои террористии ифротии мустақар дар Афғонистон мутаваҷҷеҳи Осиёи Марказӣ аст

Вазири дифои Русия эълом кард, таҳдиди аслӣ барои Осиёи Марказӣ аз сӯи гуруҳҳои террористии ифротӣ аст, ки дар Афғонистон мустақар ҳастанд.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар нишасти вазирони дифои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Остона - пойтахти Қазоқистон таъкид кард, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сӯи гуруҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон мавриди таҳдид қарор доранд.

Вай гуфт, таҳдиди аслӣ аз сӯи гуруҳҳои террористии ифротии мустақар дар Афғонистон мутаваҷҷеҳи Осиёи Марказӣ аст.

Ин барои аввалин бор нест, ки мақомоти сиёсиву низомии Русия дар мавриди транзити терроризм аз Афғонистон ба дохили кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ ибрози нигаронӣ мекунанд. Албатта, аз дидгоҳи Русия интиқоли ноамнӣ аз Афғонистон шомили мавориди мухталифе ҳамчун қочоқи маводи мухаддир, ба хусус ҳероину силоҳу инсону соири мавориди хушунатомезро низ шомил мешаваду борҳо шахси раиси ҷумҳурии Русия ҳам дар бораи қочоқи маводи мухаддир ба Русия ҳушдор додааст.

Таҳминаи Иқбол, коршиноси масоили минтақа дар ин бора гуфт: “Агарчӣ таҳдидоти террористӣ аз дохили Афғонистон танҳо шомили кишварҳои Осиёи Марказӣ нест, балки кулли минтақаро дар бар мегирад, аммо изҳороти вазири дифои Русия дар ин хусус нишон медиҳад, ки ҳамчунон дағдағаи амниятии Созмони Шанхай интиқоли терроризм аз Афғонистон аст, ки барои маҳори он ин созмон дар талош барои тақвияти ҳарчӣ бештари ҳамоҳангиву ҳамкорӣ миёни аъзои Шанхай аст”.

Аз ин рӯ, вазири дифои Русия пештар низ гуфта буд, созмонҳои террористии байналмилалӣ дар ҳоли афзоиши нуфузи худ дар Афғонистон ҳастанд ва кишварҳои ғарбӣ фаъолонатар бо гуруҳҳои мусаллаҳи мустақар дар хориҷ аз ин кишвар кор мекунанд.

Ин ба он маъност, ки Русия дар мавриди сиёсатҳои мудохилагароёнаи Ғарб, бахусус Амрико дар умури амниятии минтақа ба шиддат нигарон аст, зеро ин талаққӣ дар минтақа вуҷуд дорад, ки Амрико бо ҳадафи тақвияти гуруҳҳои террористӣ Афғонистонро тарк кард то ин гуруҳҳо бо созмондиҳӣ дар ин кишвар, амнияти минтақа, ба вижа Лсиёи Марказиро ба хатар биандозанд.

Аз дидгоҳи Маскав, аҳдофи кишварҳои ғарбӣ аз афзоиши таомулот бо гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифи Толибон дар хориҷи Афғонистон ҳам равшан аст, ки аз як сӯ дар талош барои эҷоди як конуни даргирӣ дар манотиқи марзии шуракои Русия ҳастанд ва аз сӯи дигар кумакҳои низомӣ барои хунсо кардани даргирӣ, ки ба таври ғайритабиӣ эҷод шудааст, ироа мешавад.