Май 02, 2024 11:33 Asia/Dushanbe
  • Саркӯбии тазоҳуроти ҳимоят аз Фаластин дар Париж
    Саркӯбии тазоҳуроти ҳимоят аз Фаластин дар Париж

Неруҳои полис ба тазоҳуркунандагони ҳомии мардуми Фаластин дар пойтахти Фаронса ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коргари гирд омада буданд , ҳамла ва ба самти онҳо гази ашковар шиллик кард .

Ба гузориши сервиси байналмилали хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз хабаргузории U-News ; тазоҳуроти пуршурӣ дар Париж пойтахти Фаронса ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коргар ва ба манзури ҳимоят аз Фаластин ва Ғазза баргузор шуд .

 

Девид Шомӣ , хабарнигори мустақили фаронсавӣ бо интишори тасвире дар фазои маҷозӣ навишт : Дар ҳоле ки ҳазорон нафар дар Париж ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коргар ба хиёбонҳо омадаанд , неруҳои амниятии тазоҳурот дарПарижро бо хушунат саркӯб кард . Полис ба тазоҳуркунандагони ҳамла ва ба самти онҳо гази ашковар шиллик кард . Шумори зиёде аз тазоҳуркунандагони дучори масмӯмият шудаанд

 

Жули Ровел , хабарнигори фаронсавӣ бо интишори тасвирӣ дар ҳисоби корбарии худ дар Экс навишт : Авзоъ дар майдони милали Париж пуртанишаст . Неруҳои амниятӣ барои пароканда кардани тазоҳуркунандагон аз гази ашковар истифода мекунанд . Бо ин ҳол , шумори тазоҳуркунандагон дар ин майдони пураҳамият дар пойтахти Фаронса ҳамчунон рӯ ба афзоишаст .