Тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар шаҳрҳо ва донишгоҳҳои Амрико
(last modified Thu, 02 May 2024 06:56:50 GMT )
Май 02, 2024 11:56 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар шаҳрҳо ва донишгоҳҳои Амрико
    Тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар шаҳрҳо ва донишгоҳҳои Амрико

Тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар шаҳрҳо ва донишгоҳҳои мухталифи Амрико аз ҷумлаи Ню-Йорк , Вашингтон ,Даллас ва Нев Орлеанс идома дорад .

Ба гузориши сервиси байналмилали хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз хабаргузории Associated Press , донишҷӯён ва устодони донишгоҳи Коломбиё дар Ню-Йорк бо дар даст доштани порчаи навишта ва сар додани шиор , иқдоми полиси Амрикоро дар муқобилаи хушунатбор бо донишҷӯён ва боздошти шумори зиёдӣ аз онҳо маҳкӯм карданд .

Донишҷӯёни ҳомии Фаластин ва мухолифи ҷанг дар Ғазза дар донишгоҳҳои Ҷорҷи Вашингтон ва Толини Амрико ҳам таҷаммуъ ва таҳассун карданд .

Полиси Амрико , чодарҳои донишҷӯёнро барчид ва онҳоро ба зӯр аз муҳавватаи донишгоҳи Толин берун ронаду ваҳудӯди 20 донишҷӯро ҳам боздошт кард .

Дар ду ҳафтаи гузашта , хашми донишҷӯёни Амрико аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза бештар шуда ва таҷаммуъоту эътирозот дар Амрико , густариш ёфтааст .