Май 08, 2024 12:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Гутерриш ба табаоти фоҷеаомези ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба шаҳри Рафаҳ

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар баёнияе ҳушдор дод, ҳамлаи тамомайёри режими саҳюнистӣ ба шаҳри Рафаҳ дар ҷануби борикаи Ғазза, фоҷеаи инсонӣ ба бор хоҳад оварду иштибоҳе роҳбурдӣ аст.

Кабинаи ҷанги режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе бо вуҷуди мухолифатҳои байналмилалӣ, таҳоҷуми заминӣ ба шаҳри Рафаҳ, воқеъ дар ҷануби борикаи Ғаззаро таъйид карду артиши ин режим аз рӯзи сешанбе ба ин шаҳр ҳамла кард.

Ин амалиёт танҳо сооте пас аз он оғоз шуд, ки Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, пешниҳоди оташбаси Мисру Қатарро пазируфтааст.

Шаҳри Рафаҳ маҳалли сукунати беш аз якуним миллион бехонумони фаластинӣ аст, ки аз замони ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза дар он ҷо паноҳ гирифтаанд.

Антонио Гутерриш дар баёнияе аз режими саҳюнистӣ ва Ҷунбиши муқовимати Фаластин хост то ба тавофуқи оташбас даст ёбанд то ҳамлаи ин режим ба Рафаҳ мутаваққиф шавад.

 Антониои Гутерриш - дабири кулли СММ

 

Ин мақоми СММ афзуд, дарду ранҷи ҳосил аз паёмадҳои тасмимоте, ки имрӯз гирифта мешаванд, барои инсонҳо то чандин насли баъд аз мо идома хоҳад ёфт.

 

 

Барчасп