Май 09, 2024 11:45 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъоварии воксани коронаи ширкати AstraZeneca дар ҷаҳон
    Ҷамъоварии воксани коронаи ширкати AstraZeneca дар ҷаҳон

Пас аз бурузи нигарониҳое дар бораи саломати воксани коронаии AstraZeneca, ин ширкат эълом кард ҳамаи воксанҳои коронаии тавлидии худро дар ҷаҳон ҷамъоварӣ мекунад ва ин воксан , дигар тавлид намешавад ва ба фуруш нахоҳад расид .

Ба гузориши сервиси байналмилали хабаргузории Садо ва Симо ; аз Лондон , рӯзномаи Daily Mail навишт қурбониёни воксани коронаии ширкати AstraZeneca аз шунидани хабари ҷамъоварии воксанҳои ин ширкат иброз шодӣ мекунанд , зеро мегӯянд ин воксанҳо , аворизе доштааст .

Ин рӯзнома навишт : Вакилони 81 нафар аз аъзои хонаводаи қурбониёни воксани коронаии ширкати AstraZeneca дар Англис мегӯянд аз ин пас , фарди дигарӣ осеб нахоҳад дид .

Ба навиштаиDaily Mail, шумори бисёр андакӣ аз дарёфткунандагони воксани коронаи ширкат  AstraZeneca  мегӯянд аворизи ин воксан , ба марги 81 нафар дар Англис мунҷар шудааст , аммо чун аъзои хониводаи қурбониён , дар муддати муаян шудаи се сола , шикоят накардаанд , наметавонанд ғаромат дарёфт кунанд .

Рӯзномаи Daily Mail навишт : Дар замони оғози ҳамагирии Ковид , воксани AstraZeneca ба унвони пештози дониши инглисӣ ба бозор омад , аммо дар моҳҳои ахир , дар бораи аворизи лахта шудани хӯн дар дарёфткунандагон он , ахбори мутаъаддиди мунташир шудааст .

Ширкати AstraZeneca, ширкати инглисӣ-суидӣ аст.