Як равошиноси британияӣ : Аксарияти Исроилиҳо башиддат бемор ва худшефта ҳастанд
(last modified Mon, 13 May 2024 06:02:38 GMT )
Май 13, 2024 11:02 Asia/Dushanbe
  • Як равошиноси британияӣ : Аксарияти Исроилиҳо башиддат бемор ва худшефта ҳастанд
    Як равошиноси британияӣ : Аксарияти Исроилиҳо башиддат бемор ва худшефта ҳастанд

Яқ равошинос британиаяӣ мегӯяд : Аксарияти Исроилиҳо башиддат бемор ва худшефта ҳастанд

Матни зер гузидае аст аз ёддошти доктор Имод Мӯсо ( муҳаққиқ ва нависанда , мутахассис дар заминаи равоншиносии сиёсӣ ки бар Исроил ва Фаластин тамаркуз дорад ) . :

Аксари Исроилиҳо аз Нитониёҳу хашмгин ҳастанд ва шахсан ӯро ба хотири заъфи амниятӣ дар 7 октябр , нотавонӣ дар тавофуқ бо Ҳамос ва тазъиф ба истилоҳи демокросии Исроил муқассир медонанд . Аммо ҳамин аксарияти ҳамзамон аз сиёсатҳои ӯ алайҳи фаластиниҳо ҳимоят мекунанд .

Ҳамчунин аксари Исроилиҳо ба идомаи ҷанг тамоюл доранд ва муътақиданд ки қатли омҳои бесобиқа ва ҷиноёти ҷангӣ дар Ғазза муваҷҷаҳаст .

Расонаҳои иҷтимои Исроил ҳамчунон пур  аз шиорҳои нажодпарастона , наслкушӣ ва филмҳое ҳастанд ки кушта шудани ғайринизомиёни фаластинӣ аз ҷумлаи ҳазорон кӯдакро ҷашн мигирнд .

Воқеияти хушунати бори Исроилиҳо.

Дар ин замина се омил дар мавриди Исроилиҳо маҳали тааммул аст : Худро қурбони дидан , худбузургбинӣ , ва ғайриинсони муаррифӣ кардани қурбонии худ яъне фаластиниҳо .

Бинобарин ин се омил гуфта шуда , ҷомеъаи Исроилро башиддат худшефта мекунад ва онҳо аз ин тариқ бо осудагии хаёл ба худ иҷозаи қатли оми фаластиниёнро медиҳанд .

Аз ҷанбаи равоншиносӣ , ҷомеъае бо чунин вижагиҳои худшефтагии беморгуна , аз назари ахлоқи эҳсоси бартарӣ мекунад ва ба худ ҳақ медиҳад ҳар коре ки лозим аст барои тазмини амнияташ анҷом диҳад , бидуни тавваҷуҳ ба мулоҳизоти ахлоқӣ .

Ингуна мешавад ки « Бинёмин Нитониёҳу»  ва ҷиноҳи рости ӯ дастури куштани 14000 кӯдак ва вайрон кардан садҳо ҳазор хона дар Ғаззаро содир мекунанд.

Натиҷаи онкӣ , Нитаниёҳу нишондиҳандаи як ҷомеъаи бемор аст на инки сарфан худаш бемор бошад.

Манбаъ:

Moussa, Emad. 2024. Israel is a broken society. And it's not just Bibi to blame. The New Arab.