Май 16, 2024 10:47 Asia/Dushanbe

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз ҳадафи қарор додан як новшикани амрикоӣ ва як киштии муртабит бо режими саҳюнистӣ дар дарёӣ Сурх хабар дод .

Ба гузориши Ирно , сартип « Яҳёи Сариъ » сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳ Яман гуфт : Нерӯҳои мусаллаҳи Ямаи дирӯз чаҳоршанбе дар як амалиёти низомӣ ,новшикани амрикоии (Масон )ро дар дарёии Сурх ва бо теъдоди мӯшаки муносиби дарёии ҳадаф қарор доданд .

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунин афзӯд : Киштии « Destiny » дар амалиёти муштараки нерӯҳои дарёӣ , мушакӣ ва ягони паҳподии Яман дар дарёии Сурх ҳадафи қарор гирифта шуд .

Яҳёи Сариъ дар бораи чарое анҷоми ин амалиёт ҳам гуфт : Ҳадаф қарор додани киштии Destiny пас аз нақзи тасмими мамнӯъияти убури киштиҳои озими банодири Фаластини ишғолӣ сӯрат гирифт .

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунин таъкид кард , ба анҷоми амалиёти низомӣ дар ҳимоят аз мардуми Фаластии идома медиҳем ва то замоне, ки муҳосираи Ғазза бардошта ва ҳамалоти артиши режими Исроил ба ин Борика мутаваққиф нашавад , амалиёти неруҳои яманӣ ҳам мутаваққиф нахоҳад шуд .

Артиши Яман дар моҳҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовимати мардуми Фаластин дар Борикаи Ғазза чанд киштии саҳюнистӣ ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар дарёии Сурх ва Тангаи Бобалманаб ҳадаф қарор додааст .

Барчасп