Таърихсозии Покистон дар мусобиқоти таеквандои Осиё бо мураббигарии эронӣ
Тими миллии таеквандои Покистон барои аввалин бор дар таърихи худ ва бо мураббии эронӣ тавонист дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Ветнам медали нуқраро касб кунад.
Ба гузориши Ирна, Шоҳзаб Хон аз тими миллии таеквандои Покистон зери назари Юсуфи Карамӣ, мураббии эронӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё тавонист ҳарифони худ аз Сингапур, Қазоқистон ва Узбакистонро шикаст диҳад ва ба финал роҳ ёбад.
Намояндаи таеквандои Покистон дар финали рақобатҳои таеквандои қаҳрамонии Осиё барои аввалин бор дар таърихи таеквандои Покистон ба нишони нуқра даст ёфт.
Юсуфи Карамӣ, капитани собиқи тими миллии таеквандои Эрон аст, ки ҳудуди ду соли пеш масъулияти сармураббигарии тими миллии таеквандои Покистонро бар уҳда гирифтааст.