Путин: Салому таслияти маро ба Раҳбари муаззами Эрон бирасонед + ВИДЕО
https://parstoday.ir/tg/news/world-i114546-Путин_Салому_таслияти_маро_ба_Раҳбари_муаззами_Эрон_бирасонед_ВИДЕО
Раиси ҷумҳурии Русия хитоб ба раиси маҷлиси Дума гуфт: “Салому таслияти манро ба раҳбари олии Ҷумҳурии исломии Эрон бирасонед”.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 22, 2024 12:45 Asia/Dushanbe

Раиси ҷумҳурии Русия хитоб ба раиси маҷлиси Дума гуфт: “Салому таслияти манро ба раҳбари олии Ҷумҳурии исломии Эрон бирасонед”.

Вячеслав Володин дар дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия гуфт, субҳи чаҳоршанбе барои ширкат дар маросими ташйиъи доктор Иброҳими Раисӣ озими Теҳрон мешавад.

Дар ин дидор Владимир Путин аз раиси Думаи давлатӣ хост то зимни таслият ба Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, иттилоъ диҳад, ки интизор дорад тавсеаи равобити Русия ва Эрон ба ҳамин минвол идома ёбад.

Раиси ҷумҳурии Русия афзуд: “Даргузашти раиси ҷумҳурии Эрон – Раисӣ зойеаи бузурге аст, ӯ шарики бисёр қобили эътимоде буд. Агар дар мавриди чизе ба тавофуқ мерасидем, ҳамеша метавонистем мутмаин бошем, ки ин тавофуқҳо амалӣ мешаванд”.

Путин ҳамчунин аз омодагии кишвараш барои кумак ба баррасии илали ин сониҳа хабар дод.