Май 22, 2024 13:03 Asia/Dushanbe

Мардуми мусулмони Танзания бо баргузории маҷлиси сӯгворӣ дар Ройзании фарҳангии Эрон дар пойтахти Танзания, ёду хотираи шаҳидони хидматро бо хондани Қуръони Карим зинда нигаҳ доштанд.

Бузургони ҷамъиятҳои мухталиф, донишҷӯёни марокизи донишгоҳӣ, туллоби марокизи исломии Танзания асри дирӯз - сешанбе дар маросими ёдбуди шаҳидони хидмат дар Ройзании фарҳангии Эрон дар Доруссалом ширкат карданд.

Гуруҳҳои мухталифи мардуми Танзания бо қироати Қуръони Карим ва дуо барои шаҳидони хидмат, ба раиси ҷумҳурии шаҳиди Эрон ва ҳамроҳонаш адои эҳтиром карданд.

Ширкаткунандагон дар маросими ёдбуди шаҳидони хидмат дар Ройзании фарҳангии Эрон дар Танзания, Иброҳими Раисиро на фақат намояндаи миллати Эрон, балки намояндаи мазлумони ҷаҳон донистанд, ки бо ҳамкории вазири хориҷаи Эрон, ҳомии аслии мардуми мазлуми Фаластин буданд.