Зарурати ҳушёрии мардуми Афғонистон дар муқобила бо фирқагароӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i11458-Зарурати_ҳушёрии_мардуми_Афғонистон_дар_муқобила_бо_фирқагароӣ
Ҳамлаи террористӣ ба коргарони як маъдан дар Афғонистон ва марги фаҷеи 13 тан аз онон бо маҳкумияти густарда дар ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст. Ин коргарон, ки аз ҳазораҳои Афғонистон будаанд, ҳангоми бозгашт аз маҳалли кори худ дар вилояти Бағлон ба Бомиён мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифтанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 08, 2017 17:33 Asia/Dushanbe
  • Зарурати ҳушёрии мардуми Афғонистон дар муқобила бо фирқагароӣ

Ҳамлаи террористӣ ба коргарони як маъдан дар Афғонистон ва марги фаҷеи 13 тан аз онон бо маҳкумияти густарда дар ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст. Ин коргарон, ки аз ҳазораҳои Афғонистон будаанд, ҳангоми бозгашт аз маҳалли кори худ дар вилояти Бағлон ба Бомиён мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифтанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон зимни маҳкум кардани ҳамла ба коргарони маъдан, онро иқдоми ҷинояткорона донист. Сарвар Дониш, муовини дуввуми раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳам ин ҳамларо маҳкум кард ва аз нерӯҳои амниятӣ хост, дар таъмини амнияти мардум бештар талош кунанд. Намояндагони Маҷлиси Афғонистон низ бо маҳкум кардани куштори коргарони маъдани ангишт онро идомаи қатлҳои занҷираии ҳазораҳо донистанд ва аз давлати Кобул хостанд, аз идомаи ин кушторҳо ҷилавгирӣ кунад. Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон ҳам, куштани коргарони маъдани ангиштро кори аносури гурӯҳи террористии ДИИШ донист ва аз мардуми Афғонистон хост, дар баробари террористҳо ва талоши онҳо барои доман задан ба фирқагароӣ дар ин кишвар ҳушёр бошанд.

Доман задан ба фирқагароӣ ва талош барои тағйири моҳияти даргириҳои қавмӣ дар Афғонистон ба мазҳабӣ мавзуи тозаест. Бо тавсеаи нуфузи Арабистони Саудӣ дар Афғонистон ва вуруди гурӯҳи террористии ДИИШ ба ин кишвар, ки аз сӯи Арабистон ва Амрико ҳимоят мешаванд, ин раванд дар ҳоли густариш аст.

Толибон иддао кардааст, ки афроди ин гурӯҳ дар куштори коргарони маъдан даст надоранд, зеро бисёр камсобиқа аст, ки коргарон, кишоварзон ва ё мусофирон дар Афғонистон ба далели мазҳаб ва ё шуғлашон мавриди ҳамла қарор бигиранд.

Арабистони Саудӣ, ки дар ҳоли сохти донишгоҳ дар Ҷалолободи вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон аст, дар воқеъ дар ҳоли тақвияти ваҳҳобият дар ин кишвар аст ва ин фирқаи мунҳариф сирфан дар фазои даргирии мазҳабӣ ва фирқагароӣ имкони рушд дорад.

Ваҳҳобият, ки солҳо дар Покистон бо эҷоди мадориси мазҳабӣ терроризм ва фирқагароиро дар минтақа тарвиҷ мекунад, акнун бо вуруд ба Афғонистон дарсадади тавсеаи фаъолияти худ дар ин кишвар бо талош барои даргир кардани шиаён ва сунниҳо аст. Дар воқеъ ваҳҳобият ва фирқагароӣ падидаи воридотӣ аз Покистон ба Афғонистон аст, ки аз сӯи ҳуккоми Саудӣ ҳимояти молӣ мешаванд.

Ба гуфтаи мақомоти давлати Афғонистон, мардуми ин кишвар бо иттиҳод ва якпорчагӣ ибтидо артиши Британияи истеъморгар ва сипас артиши сурхи Шӯравиро, ки Афғонистонро ишғол карда буданд, аз кишвари худ берун ронданд ва бидуни тардид мардуми ин кишвар ҳамчунон бо иттиҳод ва якпорчагӣ хоҳанд тавонист гурӯҳи террористии ДИИШ-ро аз Афғонистон берун биронанд.

Ҳушёрии мардуми Афғонистон дар баробари террористҳо ва фирқагароён аз он ҷиҳат бештар зарурист, ки амалиёти артиши Покистон зидди террористҳо дар манотиқи қабоилии ин кишвар боис шудааст, онон ба Афғонистон бигурезанд ва барои дарёфти пулу идомаи кори муздурӣ ба ҷиноёти худ дар ин кишвар идома диҳанд. Аз ин рӯ танҳо роҳи муқобила бо дасисаҳои душман барои эҷоди нифоқ ва тафриқа дар Афғонистон, тақвияти бародарӣ ва ҳамдилӣ ва ваҳдат миёни мардуми ин кишвар аст, то ҳамчун муқобила бо ишғолгарон, дар муқобила бо террористҳо ва авомили ваҳҳобият низ сарбаланд берун биёянд.