Истиқбол аз ғурфаи китоби Эрон дар намоишгоҳи китоби Куала- Лумпур
(last modified Sat, 01 Jun 2024 11:15:00 GMT )
Июн 01, 2024 16:15 Asia/Dushanbe

Ғурфаи Эрон бо шаст унвон китоб ба забонҳои англисӣ ва боҳосо ( забони инданезёӣ ) мавриди истиқболи малайзияиҳо дар намоишгоҳи байналмилалии Малайзияи қарор гирифтааст .

Ба гузоришаши хабаргузории Садо ва Симо ; “ Мустафои Беҳбаҳонипӯр “ масъули ғурфаи китоби эронӣ рӯзи ҷумъа дар чиҳилу якумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Малайзия аз фуруши ҳамаи китобҳои шеъри форсӣ ва Эроншиносӣ ба забони боҳосо бо истиқболи чашмгири малайзиҳо хабар дод.

Мустафои Беҳбаҳонипӯри афзӯд : Бо кишварҳои Индонезия , Миср ва Малайзия ба манзури чопи осори мактуби Эрон дар мавзӯъоти мутанаввеъ , ба вижа нашри электроникии он дар дохили кишварҳо ҳадафи ройзанӣ ва тавофуқ шудааст .

“ Ҳабибризои Арзонӣ “ ройзани фарҳангии Ҷумҳурии исломӣ дар Малайзия ҳам ба муаррифии сафирони китоб аз ҳашт кишвари дунё ишора кард ва гуфт : Сафири китоби Ҷумҳурии Исломии Эрон низ барои нахустин бор дар ин намоишгоҳи ҷаҳонӣ интихоб шуд ки дар барномаҳои мухталифи ин намоишгоҳ хуш дурахшид .

Вазорати омӯзишу парвариши Малайзия аз тариқи шӯрои миллии китоби Малайзия ( NBCM ) намоишгоҳи байналмилалии китоби Куала- Лумпурро бо ҳамкории анҷуманҳои муртабит бо китоб барпо кардааст .

Ин намоишгоҳи байниалмилалӣ бо боздиди рӯзона беш аз яксад ҳазори нафар аз рӯзи ҷумъа ба муддати даҳ рӯз дар Куала- Лумпур ба рӯй алоқамандон боз аст .