Маскав: Тавофуқномаи Русия ва Эрон, тасмими роҳбурдии раҳбарони ду кишвар аст
Мудири бахши дувуми осиёӣ Вазорати хориҷа Русия гуфт, инъиқоди тавофуқномаи ҳамкории ҳамаҷонибаи байни Маскав ва Теҳрон, тасмими роҳбурдии раҳбарони ду кишвар аст.
Замир Кобулов рузи сешанбе дар гуфтугу бо хабаргузорӣ "Новсти" афзуд, тавофуқномаи роҳбурдии Эрон ва Русия ҳаргиз мавзуияти худро аз даст надода аст.
Ин дипломати русӣ афзуд, пас аз ниҳоишудани матни тавофуқнома, раҳбарони ду кишвари Русия ва Эрон дар бораи замон ва макони имзои тавофуқнома тасмим хоҳанд гирифт.
Бар асоси ин гузориш, Русия ва Эрон сентябри 2022 пас аз дидори Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия ва Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии шаҳиди Эрон дар ҳошияи иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай дар Самарқанд дар бораи густариши ҳамкориҳои дукишвар тавофуқ карданд.
Дар ҳамин ҳол, Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар РУсия бо таъкид бар иродаи Эрон бар рушди муносибот бо Русия гуфт, муқаддамоти имзои тавофуқномаи ҷомеъ ва баландмуддати ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар, пас аз интихоботи чаҳордаҳуминдавраи раёсати Ҷумҳурии Эрон фароҳам хоҳад шуд.