Эъломи далелҳои аслии муҳоҷирати нухбагони Озарбойҷон
(last modified Mon, 09 Jan 2017 11:45:54 GMT )
Январ 09, 2017 16:45 Asia/Dushanbe
  • Эъломи далелҳои аслии муҳоҷирати нухбагони Озарбойҷон

Фишорҳои сиёсии давлати Боку ба нухбагон ва раҳоӣ аз мушкилоти иқтисодию маишӣ аз муҳимтарин далелҳои муҳоҷирати нухбагони озарӣ эълом шудааст.

Алиавсат Алиев, раиси Маркази муҳоҷирати Ҷумҳурии Озарбойҷон аз афзоиши ду баробари омори муҳоҷирони ин кишвар тайи як соли гузашта хабар дода гуфт, ангезаи аксари касоне, ки барои муҳоҷират аз Ҷумҳурии Озарбойҷон талош мекунанд, раҳоӣ аз мушкилоти иқтисодӣ ва маишӣ аст. Алиавсат Алиев дар гузорише, ки ҷиҳати дархостҳои шаҳрвандони хостори муҳоҷиратшудаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба расонаҳо ироа кард, овардааст: "11-12 дарсад аз касоне, ки хостори хурӯҷ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ва зиндагӣ дар кишварҳои дигар шудаанд, иллати талоши худ барои муҳоҷиратро ташдиди фишорҳои сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон эълом мекунанд, аммо аксари ҳиҷраткунандагон аз кишвар хоҳони раҳоӣ аз мушкилоти иқтисодӣ ва дастёбӣ ба вазъияти маишии беҳтар ҳастанд".

Комиссариати олии паноҳандагони Созмони Милал ҳамасола аз дархостҳои муҳоҷират аз Ҷумҳурии Озарбойҷон гузоришҳое мунташир мекунад. Бар асоси охирин гузоришҳои ин ниҳоди байналамилалӣ, ҳамасола 2500-3000 ҳазор оилаи озарӣ хостори хурӯҷ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон мешавад. Нигоҳе ба ин омор нишон медиҳад, ки барои кишвари кӯчаке назири Ҷумҳурии Озарбойҷон бо вуҷуди бархурдорӣ аз манобеи нафту гази табиӣ ин омор қобили мулоҳиза аст. Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда дар бархе аз расонаҳои Боку, камтар аз панҷ дарсади мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон, шомили мақомҳои олирутбаи давлатӣ, масъулон ва мудирони ин кишвар беш аз 95 дарсади буҷа ва даромадҳо аз нафту гази кишварро дар инҳисори худ доранд. Ин дар ҳолест, ки 95 дарсад аз ҷамъияти Ҷумҳурии Озарбойҷон танҳо 5 дарсад аз буҷа ва даромадҳои буҷаи кишварро дар ихтиёри худ доранд. Бархе гузоришҳои расмӣ аз қарор доштани беш аз 50 дарсади мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон зери хати фақр ҳикоят дорад. Албатта, ин омор ба пеш аз соли 2012 ихтисос дорад ва тайи чанд соли гузашта ба далели коҳиши баҳои ҷаҳонии нафт ва коҳиши даромадҳои давлати Боку мушкилоти иқтисодии мардуми Озарбойҷон низ ташдид шудааст.

Новобаста аз мушкилоти иқтисодӣ ва маишии мардуми Озарбойҷон вуҷуди фазои номуносиби сиёсӣ дар кишвар низ мӯҷиб шудааст, ки бисёре аз фаъолони сиёсӣ ва расонаӣ раванди муҳоҷират аз диёрро дар дастури кор қарор диҳанд. Сиёсати ҳукумати Илҳом Алиев ба гунае аст, ки ҳар гуна андешаи мухолифе маҳкум ба зиндон ва ё зиндагӣ дар бадтарин шароит аст. Аз миёни ин даста аз фаъолони сиёсӣ метавон ба доктор Муҳсин Самадов, раҳбари Ҳизби исломии Озарбойҷон, даҳҳо тан аз дигар аъзои ин ҳизб ва рӯҳониёни исломгарои ин кишвар ишора кард. Ба ҳамин далел аст, ки фаъолони расонаӣ ва сиёсӣ, бавижа мухолифон тамоюле ба мондан дар кишвари худро надоранд. Тайи чанд соли гузашта ҳатто чанд тан аз дипломатҳои Озарбойҷон, ки ба кишвар фаро хонда шуданд, афзал донистанд, ки дар ҳамон кишварҳои хориҷие, ки маҳалҳои фаъолияташон буд, паноҳандаи сиёсӣ шаванд. Дар ин миён бояд аз ақаллиятҳои миллӣ низ ёд кард, ки дар шароити бисёр номуносиб қарор доранд. Дар ин зимн метавон аз талишҳо, оворҳо ва лезгиҳо ёд кард, ки вазъияти муносибе барои зиндагӣ дар Озарбойҷон надоранд.