Эрон ҳамалоти террористӣ ба Ҷумҳурии Доғистони Русияро маҳкӯм кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i115472-Эрон_ҳамалоти_террористӣ_ба_Ҷумҳурии_Доғистони_Русияро_маҳкӯм_кард
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон зимни ибрози ҳамдардӣ бо бозмондагон , ҳамалоти террористӣ дар Ҷумҳурии Доғистони Русияро маҳкӯм кард .
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 24, 2024 13:35 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамалоти террористӣ ба Ҷумҳурии Доғистони Русияро маҳкӯм кард
    Эрон ҳамалоти террористӣ ба Ҷумҳурии Доғистони Русияро маҳкӯм кард

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон зимни ибрози ҳамдардӣ бо бозмондагон , ҳамалоти террористӣ дар Ҷумҳурии Доғистони Русияро маҳкӯм кард .

Ба дунболи ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як каниса  ва ду килисои ортодукс ва як посгоҳи полис дар ду шаҳри Ҷумҳурии Доғистони воқеъ дар Қафқози шимолӣ , дасти кам 15 неруии полис кушта шуданд .

Дар ҳамин росто ва ба гузориши Тасним ; « Носири Канъонӣ » сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон ҳамалоти террористӣ дар Ҷумҳурии Доғистони Русия аз ҷумла дар шаҳрҳои « Дарбанд » ва « Махачқалъа »ро маҳкӯм кард .

Канъонии зимни ибрози таслияту эъломи ҳамдардӣ бо давлату миллати Русия ба вижа хониводаҳои қурбониён ва орзӯии шифои оҷил барои маҷрӯҳон , гуфт : Ҷумҳурии Исломии Эрони тероризм аз ҳар навъи онро таҳдидӣ барои ҷомеъаи башарӣ ва амнияти байналмилалӣ дониста ва бар лузӯми азми ҷиддӣ ва талоши муассири ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои муқобила бо ин таҳдиди муштараки башарӣ таъкид дорад .