Июл 08, 2024 17:28 Asia/Dushanbe
  • Амрико фазои хушунатбори дохилиашро барои ҷаҳон мехоҳад

Порс тудей - Бар асари тирандозӣ дар як ҷашни хиёбонӣ дар иёлати Мичигаи Амрико, 21 нафар кушта ва ё захмӣ шуданд.

Созмони «Архиви хушунати мусаллаҳона»-и Амрико соли гузаштаи милодӣ беш аз 40 ҳазор маргро бар асари силоҳи гарм сабт кардааст. Талош барои маҳдӯд кардани силоҳ дар ин кишвар ҳамвора бо мухолифатҳо дар миёни сиёсатмадорону лобиҳои силоҳ рӯбарӯ будааст.

Дар ҷадидтарин маврид полиси иёлати Мичигани Амрико эълом кард, тирандозии бомдоди якшанбе, дар Детройт ду кушта ва 19 захмӣ барҷо гузошт.

Ба гуфтаи полиси Амрико, иттилооти аввалия нишон медиҳад, дар ин тирандозӣ, афроди маҷрӯҳ аз “ноҳияҳои мухталиф” захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи шанбеи гузашта низ дар як тирандозии шабона дар иёлати Кентукки дар шарқи Амрико, 5 нафар кушта ва 3 нафари дигар захмӣ шуданд.

Аз сӯи дигар, полиси Амрико ба тозагӣ як навҷавони 13 соларо дар иёлати Ню-Йорк бо шиллики гулӯла ба қатл расонд.

Мақомҳои амрикоӣ эълом карданд, далели шиллики полис ба ин навҷавон, ҳамроҳи доштани силоҳ камарӣ буда, ки мушаххас шуд, ин васила асбоббозӣ будааст.

Бар асоси тозатарин ахбори мунташир шуда, афсарони полиси дахил дар қатли ин навҷавон ба мурраххасӣ бо ҳуқуқ фиристода шуданд.

 

Барчасп