Шӯру шукуҳи Ошӯрои Ҳусайнӣ дар Покистон
Шиаёну ошиқони аҳли байти исмату таҳорат (а)-и Покистон дар ғами шаҳодати мазлумонаи сарвару солори шаҳидон - ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар сӯгворӣ карданд.
Шаҳрҳои мухталифи Покистон аз шимол то ҷануб, аз ҷумла Исломобод (пойтахт), Ровилпинди, Пешовар, Лоҳур, Карочи, Кувайта ва . . . шоҳиди ҳузури пуршӯру миллионии азодорони ҳусайнӣ дар қолаби ҳайатҳои равзахон, дастаҳои синазанӣ ва занҷирзан буд.
Эрониёни муқими шаҳрҳои мухталифи Покистон низ ҳамроҳ бо шиаёни ин кишвар дар солрӯзи шаҳодати мазлумонаи ҳазрати Абоабдиллоҳил-Ҳусайн (а) ба сару синаи худ задаву ашки мотам рехтанд.
Маросими Ошӯрои Ҳусайнӣ дар масҷиди муҷтамаи маскунии эрониён дар Исломобод низ бо ҳузури дипломатҳову коркунони сафорати Эрон, раисону аъзои ниҳодҳои эронӣ дар шаҳрҳои Исломободу Ровилпиндӣ баргузор шуд.
Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳурӣ ва Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ба ҳамроҳи раисони маҷолиси санову миллии ин кишвар бо судури баёнияҳое гуфтанд, рӯзи Ошӯро дорои аҳамияти торихиву маънавии амиқе барои мусулмонони саросар ҷаҳон аст ва эсору фидокории имом Ҳусайн (а) ба ҳама меомӯзад, ки қиём дар роҳи ҳаққу адолат роҳе аст, ки ба тавфиқи абадиву ризоияти Худованди мутаол меанҷомад.
Даҳумин рӯзи моҳи Муҳаррамулҳаром, машҳур ба Ошӯрову солрӯзи шаҳодати солори шаҳидон - ҳазрати имом Ҳусайн (а) аст.
Рӯзи Ошӯро барои шиаён ба маънои қиёми ростини имом Ҳусайн (а) аст, ки дар соли 680 ҳиҷрии қамарӣ ба вуқуъ пайвасту Абоабдиллоҳил-Ҳусайн (а) ва 72 ёри вафодораш ба шаҳодат расиданд.