Июл 17, 2024 18:33 Asia/Dushanbe
  • Ҷомеаи мусулмони Амрико аз ҳимояти низомӣ, молӣ ва сиёсии Байден аз Исроил норозӣ аст
    Ҷомеаи мусулмони Амрико аз ҳимояти низомӣ, молӣ ва сиёсии Байден аз Исроил норозӣ аст

Дабири кулли Шӯрои созмонҳои мусулмони Амрико гуфт, бисёре аз мусулмонони ин кишвар аз мудирияти раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи ҷанги Ғазза ноумед шудаанд.

Усома Ҷамол, дабири кулли Шӯрои созмонҳои мусулмони Амрико (The US Council of Muslim Organizations) бо баёни ин ки мусулмонони Амрико нақше калидӣ дар пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи соли 2020 ифо карданду саҳми қобили таваҷҷуҳе дар пирӯзии ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ доштанд, афзуд: Байден ба дурӯғ иддао кард, ки охирин пешниҳоди оташбас аз сӯи Исроил ироа шудааст, дар ҳоле ки Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳаргиз хоҳони барқарории оташбас нест.

Дабири кулли Шӯрои созмонҳои мусулмонони Амрико тасреҳ кард, ҷомеаи мусулмони Амрико амиқан аз ҳимояти низомӣ, молӣ ва сиёсии Байден аз Исроил норозӣ аст.

Ҷамол афзуд, фуқдони пешрафти қобили тавваҷуҳ дар мавзуоте монанди ҳуқуқи маданӣ, ислоҳоти муҳоҷиратӣ ва мубориза бо исломҳаросӣ мунҷар ба эҳсоси ноумедӣ дар байни мусулмонони Амрико шудааст.

 

Барчасп