Ҷанг дар Украина, таваҳҳуш дар Ғазза/ Чӣ касе кудаккушӣ мекунад?
(last modified Thu, 18 Jul 2024 05:00:54 GMT )
Июл 18, 2024 10:00 Asia/Dushanbe
  • Ҷанг дар Украина, таваҳҳуш дар Ғазза/ Чӣ касе кудаккушӣ мекунад?

Порс тудей - Артиши ишғолгари Исроил рӯзи шанбе дар ду ҷинояти ваҳшиёна ба “Ал Мавосӣ” дар Хон Юнус ҳамла кард, ки дар ин ҳамалот беш аз 400 фаластинӣ шаҳид ва маҷруҳ шуданд.

Ҷанг дар Ғазза ва ҷанг дар Украина, ду мақулае ҳастанд, ки фарозу фурудҳои зиёде доранд.

Ба гузориши Порс тудей, корбарон дар фазои маҷозӣ, пас аз шуруи ҷинояти исроилиҳо дар Ғазза ва куштори бераҳмонаи мардуми Фаластин дар мавориди мутааддиде ба муқоисаи ин ҷанг бо ончӣ ки миёни Русия ва Украина мебинем, пардохтаанд.

Нуқтаи оғози ҷанг дар Украина, талоши кишварҳои узви НАТО барои замима кардани Украина ба ин эътилоф буд, мавзуе, ки бар хилофи тавофуқи Русия ва Иттиҳоди Аврупо шакл гирифт ва заминасози амалиёти низомии Русия дар Украина шуд.

Дар ҷанги Украина фақат бахше аз ин сарзамин, ки беш аз 20 дарсади хоки он ҳам набуд, даргир ҷанг аст, аммо Исроил тамоми сарзамини Фаластинро солҳост, ки вориди маъракаи ҷанги нобаробар кардааст.

Корбаре ба номи «Пуён» дар шабакаи иҷтимои “Х” дар ин бора навишт:

«Русия ҳеч вақт мисли Исроил намеҷангад. Украина ҳам ҳеч вақт монанди Ғазза дар муҳосира набудааст, агар НАТО ва Ғарб ин гуна аз Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина ҳимоят намекарданд, рӯзи аввали ҷанг фирор карда буд. Муқоисаи ин ду бо ҳам дуруст нест, вале муқоиса кунед, чанд нафар аз хонаводаи Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) шаҳид шудаанд ва аз хонаводаи Зеленский чанд нафар ҷон бохтаанд».

Паёми корбаре дар бораи муҳосираи Ғазза

Ончӣ возеҳ аст, он аст, ки куштаҳои ҷанг дар Украина бештар низомӣ буда, аммо бар асоси омори вазорати беҳдошти Фаластин дар Борикаи Ғазза, дар натиҷаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябр токунун 38 ҳазору 443 нафар шаҳид ва 88 ҳазору 481 фаластинӣ захмӣ шудаанд, ки бештари онон кудакон ва занон ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия мегуяд: «Тақрибан дар чанд моҳе, ки аз амалиёт дар Навори Ғазза мегузарад, мардуми ғайринизомӣ ва ба хусус бисёре аз кудакону занон кушта шудаанд, ки теъдоди онҳо ба маротиб бештар аз кулли қурбониён дар давраи иҷрои амалиёти вижаи низомии Русия ва ҳатто дар кулли даҳ соли гузашта ва ҳаводиси пас аз кудатои соли 2014 дар Украина аст».

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия: Мардуми ғайринизомии зиёде дар Ғазза кушта шудаанд

Ғарб ба саркардагии Амрико аз яксӯ аз Исроил дар ҷанг бо Ғазза ҳимоят мекунад ва аз сӯи дигар бо ироаи кумакҳои таслеҳотӣ ба Украина авзоъро дар ин кишвар печидатар месозад, аммо бояд донист, ки Русия ба танҳоӣ дар ҷанги Украина ҳузур дорад.

Як корбари дигари шабакаи иҷтимоии “Х” низ, бо ишора ба ҷиноёти Исроил дар Ғазза бо пуштибонии Амрико навиштааст:

«Фарқи Русия бо Амрико ин аст, ки Русия бегуноҳ намекушад, вале Амрико ва НАТО ҳамла мекунанду кудаконро мекушанд, Амрико ва Исроил дар Ғазза ҷиноят мекунанд, Русия таҳрим мешавад, аммо Исроили ҷаълӣ на. Амрико мехоҳад ҷанг тулонӣ шавад; ва ҳамон достони Афғонистонро сари Русия биоваранд».

Паёми як корбар дар бораи муқоисаи амалиёти низомии Русия дар Украина бо ҳамлаи Исроил ба Ғазза

Вазорати дифои Русия ҳамалоти худро ба марокизи низомӣ ба таври возеҳ бо зикри талафот эълом мекунад, аммо Исроил ҳар бор бар ҷиноёти худ дар Ғазза сарпуш гузошта ва онҳоро ба гунае бо Ҳамос муртабит месозад.

Дар ҳамин робита як корбари дигари “Х”, муқоисаи ҷанг дар Украин ва Ғаззаро бо якдигар иштибоҳи фоҳиш дониста ва гуфтааст:

«Чӣ тавр Украина ва Ғаззаро канори ҳам мегузоред? Ҳамонҳое, ки куштори ваҳшиёнаи аҳолии Ғаззаро бо вақоҳат инкор мекунанд, ва иддао мекунанд, ки мушаки Ҳамос ба бемористон исобат кардааст, аммо дар ҳамон ҳол, Русияро ба мушакборони бемористон муттаҳам мекунанду расонаҳояшон мудофеъи кудакон шудаанд! Оё эътиборе барои Ғарб монда, ки боварашон кунем»?

Инкори воқеаҳои Ғазза аз диди як кобри “Х”

Ривоёти ҳавлнок аз бархурди Исроил бо усарои фаластинӣ низ баёнгари умқи рафтори ҷиноятомези ин режим аст. Ба гуфтаи Фараҷ Ал Самунӣ, асири фаластинӣ, ки ба тозагӣ аз зиндонҳои режими саҳюнистӣ озод шудааст, равишҳои шиканҷаи ишғолгарон танҳо маҳдуд ба ҷанбаи физикӣ намешавад, балки онҳо усароро шиканҷаи равонӣ низ мекунанд.

 Тасвире аз асирони фаластинӣ

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзномаи амрикоии «Ню-Йорк Таймс» чанд рӯзи пеш ба нақл аз як пизишки олмонии ҳозир дар ҷанги Украина навишт: Аъзои «Chosen Company», ки як гуруҳи муздури ғарбӣ аст, ки ба нафъи Украина бо Русия набард мекунад, ба таври пайваста бо куштани низомиёни захмӣ ё асир шудаи рус, муртакиби ҷиноёти ҷангӣ мешуданд.