Июл 29, 2024 15:50 Asia/Dushanbe
  • Путин муштоқи дидор бо Пизишкиён аст
    Путин муштоқи дидор бо Пизишкиён аст

Сухангӯи дафтари раёсати ҷумҳурии Русия (Кремл) аз иштиёқи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои дидор бо Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури ҷадиди Эрон хабар дод.

Ба гузориши бомдоди рӯзи душанбеи Ирна, Димитрий Песков, сухангӯи Кремл бо ишора ба ин ки раисҷумҳури ҷадиди Эрон пештар аз сӯи Русия барои ширкат дар иҷлоси сарони БРИКС дар Қазон даъват шудааст, таъкид кард: Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар ҳоли омода шудан ва муштоқи дидор бо Масъуди Пизишкиён аст.

Раисиҷумҳури Русия рӯзи ҳаштуми июл дар як гуфтугӯи телефонӣ пирӯзии ҳамтои эронии худ дар интихоботро ба вай табрик гуфта буд.

 

Барчасп