Октябр 02, 2024 10:40 Asia/Dushanbe
  • Тарҷумаи китоби эронии «Ҳафтпайкар»-и Низомӣ ба забони туркӣ- истамбулӣ

Порс тудей-Китоби «Ҳафтпайкар»-и Низомӣ ба ҳиммати вобастагии фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Туркия, ба забони туркии истамбулӣ, тарҷума ва ба сурати манзум аз сӯи интишороти «Белгӣ» чоп ва мунташир шуд.

Китоби «Ҳафтпайкар» навиштаи Низомии Ганҷавӣ, шоири барҷастаи эронӣ (1141 - 1209 милодӣ) бо тарҷумаи манзуми Ноҷӣ Тукмок, устоди забон ва адабиёти форсӣ дар Туркия дар 384 сафҳа мунташир шудааст.

Ба гузориши Порс тудей, Ноҷӣ Тукмок дар муқаддимаи тарҷумааш бар «Ҳафтпайкар»-и Низомии Ганҷавӣ навиштааст: Низомии Ганҷавӣ на танҳо дар адабиёти форсӣ, балки дар саросари ҷаҳони Ислом таъсиргузор будааст.

 

Барчасп