Кадом кишвари минтақа фулоди силоҳҳои Исроилиро таъмин мекунад?
(last modified Sun, 13 Oct 2024 06:44:36 GMT )
Октябр 13, 2024 11:44 Asia/Dushanbe
  • Кадом кишвари минтақа фулоди силоҳҳои Исроилиро таъмин мекунад?

Порс тудей - Дар ҳоле, ки давлатмардони Туркия муддаиянд, содироти фулод ба режими саҳюнистиро маҳдӯд кардаанд, аммо оморҳо аз афзоиши 100 баробарии содироти фулоди ин кишвар ба режими Исроил хабар медиҳад.

Маҷмаи содиркунандагони Туркия (TIM) дар гузорише эълом кард, дар 8 моҳи ахир содироти фулоди Туркия ба режими саҳюнистӣ, 100 баробар шудааст.

Ба гузориши Порс тудей, Матин Ҷиҳон, рӯзноманигори турк дар ин замина гуфт: Туркия ҳамчунон ниёзи артиши режими саҳюнистӣ ба фулодро таъмин мекунад, аммо дар асноди гумрукӣ содиротро ба дурӯғ ба номи Фаластин сабт мекунад.

Торномаи “Middle East Eye” низ дар гузорише муддаӣ шуд, ки тоҷирони Туркия содироти бархе маҳсӯлот ба Исроилро афзоиш додаанд, зеро давлат дар ин замина сахтгирӣ надорад.

Чанд рӯз пас аз амалиёти “Тӯфони Ал Ақсо” буд, ки давлати Туркия эълом кард, содироти бархе маҳсӯлот, аз ҷумла фулодро ба Исроил маҳдӯд мекунад.

Исроил аз фулод дар сохт силоҳҳои куштори ҷамъии худ баҳра мегирад. Тибқи омори мунташира 65 дарсад аз ниёз ба фулоди режими саҳюнистӣ тавассути Туркия таъмин мешавад.