Русия: Амрико бесаброна мунтазири даргирӣ дар шибҳи ҷазираи Карея аст
(last modified 2024-10-17T06:27:24+00:00 )
Октябр 17, 2024 11:27 Asia/Dushanbe
  • 
Русия: Амрико бесаброна мунтазири даргирӣ дар шибҳи ҷазираи Карея аст
    Русия: Амрико бесаброна мунтазири даргирӣ дар шибҳи ҷазираи Карея аст

Порс Тудей- Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида танҳо кишваре аст, ки хатари даргирӣ дар шибҳи ҷазираи Кареяро афзоиш медиҳад.

«Мария Захарова » сухангӯии Вазорати хориҷаи Русия бо ишора ба танишофариниҳои Амрико дар манотиқи мухталифи ҷаҳон аз ҷумла дар шибҳи ҷазираи Карея гуфт : « Онҳо бесаброна мунтазир ҳастанд ва ҳатто дидани сӯхтани ин манотиқро ҳам руёпардозӣ мекунанд » . Ба гузориши Порс Тудей , ин изҳороти « Захарова » дар пайи дархости Вазорати хориҷаи Амрико аз Кареяи шимолӣ барои таваққуфи иқдомоти матраҳ шуд ки ба гуфта Вашингтон , ба ташдиди таниш дар шибҳи ҷазираи Карея мунҷар мешавад .

Ин рӯзҳо шибҳи ҷазираи Карея ба далели ҳузури паҳподҳои таблиғотии Кареяи ҷанӯбӣ дар осмони ҳамсояи шимолӣ ва болонҳои зуболаи Кареяи шимолӣ дар осмони ҳамсояи ҷанӯбии рӯзҳои пуртаниширо сипарӣ мекунад .

« Мария Захаровака » сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар канали Телеграмии худ навишт : « Як тарфанди классики амрикоӣ ; авзоъро таҳрик кунед ва сипас ҳамаи чизро ба гардани касоне биандозед, ки маҷбурашон кардед бархилофи майлашон амал кунанд » .

Вай ҳамчунин таъкид кард ки Сеул ва  Токио “ 2 нуқтаи ҳаётии амниятӣ дар минтақа “ , таҳти фишори шадиди Амрико қарор доранд ки боис мешавад « иродае барои раҳоӣ аз юғи бардагӣ ки тавассути бозии Амрико бар онҳо аъмол мешавад , надошта бошанд » .

Дар ҳамин ҳол , « Андрей  Руденко » , муовини вазири хориҷаи Русия аз омодагии Маскав барои ҳимояти низомӣ аз Пюнг Ёнг хабар дод .

Вай дар посух ба пурсиши перомуни ҳимояти низомии Русия аз Кареяи шимолӣ дар сӯрати ҳамлаи як кишвари солис ба Пюнг Ёнг , гуфт : Барасоси муоҳидаи паймони стротежики миёни Русия ва Кареяи шимолӣ , дар сӯрати вуқуъи чунин ҳамлае ба Пюнг Ёнг кумаки низомӣ хоҳем кард .

Барчасп