Чаро чеҳраҳои матраҳи амрикоӣ ба истисморгарии ҷинсӣ тамоюл доранд?
ParsToday. Молики яке аз муътабартарин брендҳои пӯшоки ҷаҳон аз Амрико, ба фаҳшо, баҳракашии ҷинсӣ ва озор муттаҳам шуд.
Майк Ҷеффрис, мудири собиқи ширкати пӯшоки “Аберкромби анд Фич” ба баҳракашии ҷинсӣ аз мардони модели ҷавон муттаҳам шудааст.
Ба гузориши “Порс-тудей”, ба дунболи таҳқиқоти расонаҳо, додситонии Амрико иттиҳомоти марбут ба туъмагузорӣ барои ҷавонони дӯстдори моделинг ва баҳракашии ҷинсӣ аз онон тавассути Ҷеффрис ва чанд нафари дигарро матраҳ кард.
Бреун Пис (Breon Peace), додситони ноҳияи шарқии Ню-Йорк фош кард, ки афроди қудратманд барои муддати тӯлонӣ аз ҷавононе ки орзӯи шуғл дар мӯду саргармиро доштанд, сӯиистифодаи ҷинсӣ кардаанд.
Муттаҳамон шомили Ҷеффриси 80 сола, Маттеу Смити 61 сола ва Ҷеймс Ҷакобсони 71 сола ҳастанд.
Ҳар як аз муттаҳамон ба як моддаи қочоқи ҷинсӣ ва 15 маврид фаҳшои марбут ба 15 қурбонии ношинос байни солҳои 2008 то 2015 муттаҳам шуданд.
Ҷеффрис ва Ҷакобсон бо васиқаи 10 миллиону 500 ҳазор долларӣ озод шуданд.
Агар иттиҳомоти ин афрод собит шавад, онҳо ба ҳабси абад маҳкум хоҳанд шуд.
Дар иттиҳомоти марбут ба мавзӯи сӯиистифодаи ҷинсӣ Андрей Комо, фармондори Ню-Йорк дар соли 2021 ба далели озори ҷинсии дастикам 11 зан маҷбур ба канорагирӣ шуд.
Ин истеъфо дар ҳоле рух дод, ки як кумитаи мустақил аз Ҳизби демократ иттиҳомоти ҷинсии ӯро таъйид ва аз вай хоста буд, фавран истеъфо диҳад.
Пеш аз ин Ҳарвей Вейнстейн, таҳиякунандаи бисёре аз матраҳтарин филмҳои синамоии ҷаҳон ба ҷурми озору азияти ҷинсии даҳҳо зан ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.
Ҳукми додгоҳи Ҳарвей Вейнстейн дар ҳоле эълом шуд, ки ифшои озору азияти ҷинсии занон тавассути ӯ боиси ба роҳ афтодани ҷунбише ҷаҳонӣ ба номи “ME TOO” (ё ман ҳам мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтаам) шуд.
Ҳарвей Вейнстейн тавониста буд бештари шокиёни худро дар ивази пул розӣ кунад, аммо ниҳоятан дар мавриди озори ду зани шокии боқимонда маҷмӯан ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.
Ҷеффри Эпстейн низ номи марди сарватманди дигаре аст, ки бештар ба далели муошират бо чеҳраҳои машҳури ҷаҳон маъруф аст.
Эпстейн муттаҳам ба гардондани шабакаи густардаи духтарони зери синни қонунӣ барои робитаи ҷинсӣ буд.
Пештар листе ба унвони боздидкунандагони “Ҷазираи педофил” (кӯдакозории ҷинсӣ)-и Ҷеффри Эпстейн мунташир шуд. Ин ҷазира мутааллиқ ба Ҷеффри Эпстейн будааст, ки дар он ба сурати густарда ба кӯдакони зери синни қонунӣ таҷовуз мешудааст ва 200 нафар аз селебритиҳои амрикоӣ ба он сафар кардаанд.