Январ 14, 2017 12:02 Asia/Dushanbe
  • Хабари ҳамкориҳои Туркия бо ДИИШ рӯзноманигори туркро бе ҷойи кор кард

Рӯзномаи “Ҳуррият” яке аз рӯзноманигорони худро дар пайи интишори хабаре дар бораи ҳамкориҳои нафтӣ байни Ҳукумати Туркия ва гурӯҳи террористии ДИИШ аз кор ронд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, хабарнигори рӯзномаи “Ҳуррият” дар Вашингтон дар гузориши худ овардааст: “Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ва аъзои хонаводаи ӯ дар додугирифти нафт бо гурӯҳи террористии ДИИШ мушорикат доранд". Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст: “Бинобар эъломи Вазорати дифои Русия, нафти қочоқшуда аз сӯйи гурӯҳи террористии ДИИШ аз се масири шинохташуда вориди Туркия мешавад, ки бахше аз он аз сӯйи ДИИШ дар бозорҳои Туркия ба фурӯш мерасад ва бахши дигаре ба бандарҳои “Дортюл” ва “Искандарун”-и Туркия мунтақил мешавад”. Ин ҳам дар ҳолест, ки Туркия ин иттиҳомотро рад кардааст.

Рӯзномаи “Ҳуррият” қаблан Дениз Зирак, хабарнигори худро дар Анкара аз кор барканор карда буд. Пеш аз низ ду тан аз рӯзноманигорони турк ба номҳои Ҷон Давандор, сардабири рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва Эрдам Гул, раиси дафтари ин рӯзнома ба далели ифшои иттилооти мушобеҳ, интишори навори ирсоли силоҳ аз сӯйи нерӯҳои низомии Туркия барои гурӯҳи террористии ДИИШ ва низ интишори ахбори муомилаи нафтии давлати Анкара бо ин гурӯҳи такфирӣ муҳокима ва аз кор барканор шуда буданд.