Тафсир. Тадоруки Трамп барои амалӣ шудани сиёсати ихроҷи муҳоҷирон аз Амрико
(last modified Wed, 13 Nov 2024 11:34:22 GMT )
Ноябр 13, 2024 16:34 Asia/Dushanbe
  • Сиёсатҳои зарбатии Трамп алайҳи муҳоҷирон
    Сиёсатҳои зарбатии Трамп алайҳи муҳоҷирон

Доналд Трамп, раисиҷумҳури мунтахаби Амрико дар ростои ваъдаи интихоботии худ дар бораи ихроҷи муҳоҷирон аз ин кишвар, Томас (Том) Ҳоманро ба унвони мудири идораи муҳоҷирату гумруки Амрико муаррифӣ кард.

Мавзӯи муҳоҷирон, ба вижа тайи даҳаҳои ахир чолише ҷиддӣ барои Амрико будааст, ба тавре, ки номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ дар ҳар давра ба он вокуниш нишон додаву барномаҳоеро дар ростои контролу сомондеҳии муҳоҷирон, ба вижа аз марзҳои ҷанубии Амрико эълом кардаанд.

Ин мавзуъ дар давраи аввали раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп ба мавзӯи ҷиддиву танишофарин табдил шуд. Сиёсатҳои зарбатии Трамп алайҳи муҳоҷирон, ҳисоркашии бахше аз марзҳои ҷанубии Амрико, хушунати полис дар марзҳо, ҳамчунин ҷудосозии фарзандон аз хонаводаҳову интиқоли онҳо ба кампҳо ва бархӯрди табъизомез бо муҳоҷирони африқоиву сиёҳпӯстон сабаб шуд то ҳатто дар дохили Амрико эътирозоти гуруҳҳои ҳуқуқи башарӣ оғоз шавад.

Агарчӣ дар даврони раёсати ҷумҳурии Ҷо Байден низ ин сиёсат ба навъи дигаре дунбол шуд, аммо акнун Трамп онро ба унвони яке аз аслитарин барномаҳои худ эълом кардааст. Вай эълом кардааст, ки солона ҳудуди як миллион нафар муҳоҷирро аз Амрико ихроҷ хоҳад кард.

Бар асоси оморҳо, акнун беш аз 11 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Амрико ба сар мебаранд, ки бахши умдаи онон аз кишварҳои Амрикои Лотин ва аз марзи Мексика вориди хоки Амрико шудаанд. Ин муҳоҷирон, ки аксаран ба далели шароити вахими иқтисодӣ, ноамнӣ ва танишҳои сиёсии дохилӣ кишвари худро тарк кардаанд, акнун беш аз ҳар замон дар маърази ихроҷ қарор доранд.

Трамп муддаӣ аст, муҳоҷирон мавқеияти корӣ ва шароити иқтисодиро дар ин кишвар таҳдид кардаву бахши бузурге аз ҷурму ҷиноят дар ҷомеаи Амрико ба ин гуруҳ тааллуқ дорад. Ин дар ҳолест, ки бисёре аз коршиносон муътақиданд, муҳоҷирон бахши қобили таваҷҷуҳе аз мушкилоти феълии Амрикоро бар дӯш кашидаанд.

Донишкадаи сиёсати умумии корсии Донишгоҳи Ню-Ҳэмпшир дар гузорише эълом кард, дар сурати иҷрои тарҳи Трамп, арзаи колоҳо, мушобеҳи ончӣ дар тӯли ҳамагирии Ковид – 19 рух дод, зарба хоҳад хӯрд ва таваррум низ мумкин аст дар як тарҳи ихроҷи ҷамъӣ афзоиш ёбад.

Ба ҷуз мавзӯи иқтисод ва мавонеи ҳуқуқиву қонунӣ бар сари роҳи ихроҷи муҳоҷирон, иҷрои ин сиёсат дар сатҳи калон дар воқеъ сиёсате ғайриинсонӣ хоҳад буд, ки бар хилофи ҳамаи қавонини ҳуқуқи башарӣ ва иддаоҳои Амрико аст.