Баргузор шудани размоиши ҳавоии НАТО
Ҳавопаймоҳои ҷангии НАТО дар размоиши ҳавоии «Ғурриши қутбӣ» (Polar roar) бар фарози баҳри Балтика ва низ баҳри Шимол равишҳои раҳгирии ҳавоиро бо истифода аз бомбафканҳои амрикоӣ тамрин карданд.
Ба гуфтаи мақомоти НАТО, баргузор шудани ин гуна размоишҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкорӣ байни аъзои НАТО ва аз сӯйи дигар тақвияти мавзеи ин созмони низомӣ дар ҳифзи муҳити амн дар Урупо мешавад. Тибқи баёнияи Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ, ин размоиш дар ҳарими ҳавоии байналмилалии Урупо, бар фарози баҳри Балтика ва баҳри Шимол баргузор шуд. Ҳавопаймоҳои "F-16"-и Дания ва ҳавопаймоҳои "Грипн"-и Шветсия низ дар ин размоиш ширкат доштанд.
Рӯзи душанбе фармондеҳи стратегии Амрико эълом кард, ки тайи ин размоиш се адад бомбафкани стратегии «БИ-52» ва ду бомбафкани радаргири "БИ-2" ба таври ҳамзамон аз пойгоҳҳои худ дар хоки Амрико бархеста ва парвозҳои дурбурдро ба самти баҳрҳои Шимолу Балтика анҷом додаанд.
Ҳадаф аз иҷрои парвози бомбафканҳои амрикоӣ дар нахусттамрини сенарияи раҳгирии бомбафканҳои стратегии мушобеҳ бо бомбафканҳои русӣ буд, зимни ин ки ин парвози бесобиқаи дастҷамъии бомбафканҳои амрикоӣ бо ҳадафи намоиши зарфияту тавони ин ҳавопаймоҳо ба манзури иҷрои ҳамлаҳои ҳавоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар қолаби тамриноти якпорча бо муттаҳидони Амрико сурат гирифт.
Бо ташдиди танишҳо байни Русия ва НАТО ин созмони низомии ғарбӣ дар абъоди мухталиф ба афзоиши омодагии худ барои мубориза бо таҳаррукоти низомии эҳтимолии Русия пардохтааст. Яке аз минтақаҳое, ки дар моҳҳои ахир, бавижа маҳалли рӯёрӯии ҳавопаймоҳои низомии Русия ва НАТО будааст, ҳавзаи баҳри Балтика аст. Русҳо ба таври мураттаб парвозҳоеро дар ин минтақа бо истифода аз анвои ҳавопаймоҳои ҷангӣ, бомбафкан, шиносоӣ ва гаштҳои баҳрӣ ташкил кардаанд, то зимни намоиши қудрати ҳавоии худ таҳаррукоти ҳавоии НАТО-ро назорат намоянд ва низ ба тамрини мувоҷеҳ шудан бо ҳавопаймоҳои ҷангии НАТО, ки барои ҳавопаймоҳои раҳгири русӣ ба парвоз медароянд, бипардозанд. Ин рӯёрӯиҳо дар бархе мавридҳо ба мароҳили хатарноке расидааст ва ҳатто эҳтимоли бурузи даргирии ҳавоиро мӯҷиб шудааст. Ин ҳаводис мӯҷиби ҳушдорҳои Русия ва НАТО ба якдигар шудааст ва ҳар яке аз онҳо якдигарро ба иқдомоти хатарнок дар ҳавзаи Балтика ва низ баҳри Шимол муттаҳам кардаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар ҳар гуна рӯёрӯии низомӣ байни Русия ва НАТО ҳавзаи Балтика ва баҳри Шимол аз нуқоти аслии даргирӣ хоҳад буд, ҳавопаймоҳои ҷангии НАТО дар охирин размоиши худ ба тамрини мубориза бо бомбафканҳои русӣ дар баҳри Балтика ва Шимол шитоб доранд.
Кишварҳои сегонаи ҳавзаи Балтика (Литва, Латвия ва Эстония) борҳо Русияро ба таҷовуз ба ҳарими ҳавоии худ муттаҳам кардаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин се кишвар нерӯи ҳавоӣ надоранд, муддатест, ҷангандаҳои НАТО вазифаи ҳимоят аз қаламрави ҳавоии онҳоро ба уҳда доранд. Аз соли 2014 то кунун НАТО ҳузури низомии худро дар кишварҳои шарқи Урупо, ки ҳамсояи Русия ҳастанд, қавӣ кардааст. Афзоиши ҳузури НАТО дар шарқи Урупо, бавижа ҳавзаи Балтика дар шароите аст, ки Русия борҳо нисбат ба ин иқдом ҳушдор додааст. Акнун рақобати Русияю НАТО ба марзҳои хатарноке расидааст. Ин масъала, бавижа бо таваҷҷуҳ ба идомаи иқдомоти таҳрикомези НАТО, монанди тасмим барои истиқрори воҳидҳои низомии ҷадид дар кишварҳои ҳавзаи Балтик ва Лаҳистон ва низ баргузор шудани размоишҳо дар наздикии марзҳои Русия, бавижа дар баҳри Балтика ташдид шудааст. Бо афзоиши ин танишҳо ду тараф ба навъе ба намоиши қудрат дар баробари якдигар пардохтаанд ва дар ин миён НАТО ба унвони созмони низомии Ғарб бештар ҳолати таҳоҷумӣ ва таҳдидкунанда алайҳи Русия ба худ гирифтааст.