Ҳамкории ҳазорон аврупоӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ
(last modified Sat, 14 Jan 2017 13:08:58 GMT )
Январ 14, 2017 18:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории ҳазорон аврупоӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ

Вазири умури хориҷаи Австрия ва раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эълом кард, ҳудуди даҳ ҳазор нафар аз кишварҳои аврупоӣ барои ҳамкорӣ бо ДИИШ, ба Сурия ва Ироқ рафтаанд.

Ба гузориши рӯзномаи Экспресс, Себастян Кортес-вазири умури хориҷаи Австрия ва раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо рӯзи шанбе дар нахустин суханронии худ дар мақоми ҷадидаш гуфт, аъзои ДИИШ, ки аз Ироқ ва Сурия боз мегарданд барои Аврупо «хатари бузург» маҳсуб мешаванд.

Раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, афзуд бояд аъзои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо иқдомоти террористӣ муқобила кунанд.

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо шомили теъдоде аз кишварҳо дар саросари ҷаҳон аст ва танҳо кишварҳои аврупоӣ дар он узвият надоранд.

Амрико, Русия ва Муғулистон низ монанди кишварҳои Англия, Фаронса ва Олмон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо узв ҳастанд.