Таҳлилгарони мисрӣ: гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Сурия ба ҷони ҳам хоҳанд афтод
https://parstoday.ir/tg/news/world-i118278
Парс тудеӣ- Таҳлилгарони мисрӣ ба таҳаввулоти Сурия ишора карда, изҳор доштанд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ин кишвар ба ҷони ҳам хоҳанд афтод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 09, 2024 11:54 Asia/Dushanbe
  • Таҳлилгарони мисрӣ: гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Сурия ба ҷони ҳам хоҳанд афтод
    Таҳлилгарони мисрӣ: гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Сурия ба ҷони ҳам хоҳанд афтод

Парс тудеӣ- Таҳлилгарони мисрӣ ба таҳаввулоти Сурия ишора карда, изҳор доштанд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ин кишвар ба ҷони ҳам хоҳанд афтод.

Таҳлилгарони мисрӣ вазъи Сурияро пас аз суқути Димишқ ба дасти мухолифони Сурия таҳлил кардаанд. Ба гузориши Порс тудеӣ, таҳлилгари мисрӣ “Карам Яҳё” бо ишора ба таҳаввулоти Сурия ва суқути режими Башор Асад, пешниҳод кардааст, ки Сурия шоҳиди марҳилаи даргириҳо миёни гурӯҳҳои мусаллаҳе аст, ки режими ин кишварро сарнагун карданд.

Таҳлилгари дигари мисрӣ "Заҳдӣ Аш-Шомӣ" бо ишора ба ҳаводиси феълӣ дар Сурия гуфт: "Низоми Асад суқут кардааст, аммо оё Сурия бо вуҷуди мавҷудияти созмоне ба мисли Ҷабҳат-ан-Нусра, ки дар Сурия аст, шоҳиди тағйироти демократӣ бошад, ки дар феҳрести террористҳо аст?

Ба гуфтаи ӯ, агар раванди сиёсии демократӣ дар Сурия сурат нагирад, бими бузурге аз ворид шудани ин кишвар ба низоъ ва тафриқаи мазҳабӣ вуҷуд дорад ва агар ин сурат бигирад, мо шоҳиди фалокати хеле хатарноктар аз таҳаввулоти Либия хоҳем шуд.

Мухолифону террористон дар Сурия бо пуштибонии бархе аз кишварҳо аз Идлиби шимоли Сурия аз 27 ноябри соли 2024 ба манотиқи мухталифи Сурия ҳамлаҳои густарда карданд ва дар ниҳоят Димишқ рӯзи якшанбе суқут кард.