Фоҷиаи ҷадид барои паноҳҷӯён дар обҳои баҳри Миёназамин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i11833-Фоҷиаи_ҷадид_барои_паноҳҷӯён_дар_обҳои_баҳри_Миёназамин
Ба думболи ғарқ шудани як қайқи дигари паноҳҷӯён дар обҳои баҳри Миёназамин, шумори номаълуме аз паноҳҷӯён ҷони худро аз даст доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 15, 2017 11:05 Asia/Dushanbe
  • Фоҷиаи ҷадид барои паноҳҷӯён дар обҳои баҳри Миёназамин

Ба думболи ғарқ шудани як қайқи дигари паноҳҷӯён дар обҳои баҳри Миёназамин, шумори номаълуме аз паноҳҷӯён ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши ИРНА, як қайиқи ҳомили 107 паноҳҷӯ рӯзи шанбе дар савоҳили шимолии Либия ғарқ шуд, аммо токунун фақат чаҳор нафар наҷот ёфта ва ҳашт ҷасад кашф шудааст ва ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки фоҷиаи ҷадиде дар обҳои баҳри Миёназамин ба вуқуъ пайваста бошад.

Хабаргузории ИСНА навишт, субҳи шанбе дар як амалиёти имдодрасонӣ дар канали Ситсилия дар ҷануби Италия, ҷасади 3 паноҳҷӯ дар як шиновар кашф шуд ва ба ҳамроҳ он се нафари дигар, ки дар шароити ҷисмии вахиме басар мебурданд низ имдодрасонӣ шуда ва бо болгарди имдодӣ ба бемористон мунтақил шуданд.

Ҳамчунин рӯзи гузашта, маҷмуан 550 паноҳҷӯ дар баҳри Миёназамин тавассути қайқҳои гаштзании горди соҳилии Италия наҷот дода шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Италия низ пештар эълом кард, ки дар соли 2016  рекорди вуруди паноҳҷӯён ба хоки Италия шикаста шуд ва беш аз 181 ҳазор паноҳҷӯ вориди ин кишвар шудаанд, ки 18 дарсад бештар аз соли 2015 аст.