Ҷими Картер мурд; раисиҷумҳуре, ки дар озодсозии ҷосусони амрикоӣ аз Эрон ноком буд
Порс тудей - Ҷими Картер, раисиҷумҳури пешини Амрико дар синни 100 солагӣ даргузашт.
Ҷими Картер, раисиҷумҳури пешини Амрико ва мусинтарин раисиҷумҳури зиндаи ин кишвар рӯзи душанбе дар синни 100 солагӣ даргузашт.
Ба гузориши Порс тудей, писари Ҷими Картер, эълом кард, вай дар хонааш дар Ҷорҷия аз дунё рафт. Пеш аз ин Розалин, ҳамсари Картер дар ноябри 2023 ва дар синни 96 солагӣ даргузашта буд.
Ин ду бо 77 соли зиндагии муштарак дар миёни руасои ҷумҳури Амрико рекордор буданд. Давраи раёсатҷумҳурии Картер мусодиф бо Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1979 ва моҷарои тасхири лонаи ҷосӯсии Амрико дар Теҳрон буд.
Вай дастури амалиёт барои озодии ҷосусони амрикоӣ дар Теҳронро содир, аммо ин амалиёт дар ниҳоят бо “Тӯфони шин” дар Табас ба шикаст анҷомид. Картер дар ниҳоят дар интихоботи соли 1980 аз Роналд Рейган шикаст хӯрд.
Тулонӣ шудани раванди озодсозии ҷосусони амрикоӣ аз Эрон, ки 444 рӯз тӯл кашид, аз ҷумлаи аслитарин далоили шикасту бознишастагии вай аз ҷаҳони сиёсат буд.