Таъсири сиёсии Фаронса дар муодилахои системаи байналмилали чӣ тавр камтаъсир шуд?
(last modified Mon, 13 Jan 2025 06:00:31 GMT )
Январ 13, 2025 11:00 Asia/Dushanbe
  • Таъсири сиёсии Фаронса дар муодилахои системам байналмилали чй тавр кам таъсир шуд?
    Таъсири сиёсии Фаронса дар муодилахои системам байналмилали чй тавр кам таъсир шуд?

Порс тудей- Дар идомаи чанд соли охир Фаронса як қисми муҳими нуфузи сиёсии худро аз даст дод ва дар муодилаҳои кунунии системаи байналмилалӣ нуфузи пештараро надорад.

Ба гузориши Порс тудеӣ, Фаронса ба унвони яке аз муҳимтарин мустамликадорони таърих ва ҳамчунин узви доимии Шурои Амният ва узви бошгоҳи ҳастаӣ ва паймони низомии НАТО дар тӯли чанд даҳсола аз имтиёзҳои истисноӣ дар умури байналмилалӣ бархурдор буд. Ин кишвар дар баробари Олмон ба унвони муҳимтарин узви Иттиҳодияи Аврупо низ маъруф буд, аммо ҳоло муддате аст, ки варақ баргашта ва ҳатто андешкадаҳои ғарбӣ низ бар ин назаранд, ки Фаронса дар чанд соли ахир бахши қобили мулоҳизае аз нуфузи сиёсии худро аз даст додааст ва  муодилаҳои ҳозираи системаи байналмиллалӣ мисли пештара таъсире надоранд.

Оё беҳтар аст, ки Макрон истеъфо диҳад?

Раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон интихоботи зудрасро бо умеди он номид, ки тарс аз Ле Пен ва чапи радикал интихобкунандагони фаронсавиро тарсонанд, аммо натиҷа ин буд, ки Ле Пен шумораи зиёди овозҳоро ба даст овард ва блоки Макрон маҷбур шуд, ки аз чап кӯмак биҷӯяд, аммо пас аз чанде, вай аз иттифоқчиёни чап даст кашид ва созиш баст, ки тибқи он Ле Пен дар ивази гузаштҳо дар сиёсати муҳоҷират ва дигар масъалаҳо аз ҳукумати миёнарав ва муҳофизакор таҳти сарварии Мишел Барниер пуштибонӣ мекунад.

Аммо Ле Пен ҳам бо вуҷуди монеаҳои зиёди ҳуқуқӣ кори Барниеро ба поён расонд ва ҳоло таҳлилгарон мегӯянд беҳтар аст, ки Макрон аз мақомаш истеъфо диҳад, зеро Де Голл дар соли 1969 бо нокомиҳои ба маротиб камтар нисбат ба Макрон қудратро тарк кард. Агар Макрон низ чунин иқдом кунад, тааҷҷубовар нест, зеро бо вазъи феълӣ то интихоботи соли 2027 зинда мондан барои ӯ осон нахоҳад буд.

Вазъияти бесарусомонии хукумати Фаронса аз нуктаи назари матбуот

Рӯзномаи маъруфи "Фигаро"-и чопи Порис навиштааст, ки нуфузи хориҷии Фаронса кайҳо боз коҳиш ёфтааст ва он наметавонад дар бӯҳронҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ нақш бозад.

Ле Фигаро инчунин эътироф кард, ки аз замони ворид шудани Эммануэл Макрон ба Қасри Елисей дар соли 2017, мушкилоти ҷиддӣ ба миён омадаанд, ки яке аз муҳимтаринаш норозигии мардум аз сиёсати иқтисодии ӯ ва беэътиноии ӯ ба табақаҳо ва қишрҳои камбизоати ҷомеа мебошад боиси нобаробарии бештар гардид.

Дар гузориши муфассали рӯзномаи инглисизабони «Дейли Сабоҳ», ки дар Анкара нашр шудааст, мо ба таҳлили зерин низ дучор мешавем: Интихоботи парлумонӣ нишон дод, ки бесарусомонии комил фазои сиёсии Фаронсаро фаро гирифтааст ҳамакнун, ҳамаи фаъолони сиёсии Фаронса хуб медонанд, ки нотавонбинии Макрон боиси бесарусомонӣ дар сиёсати Фаронса шудааст ва албатта, бар изофаи мушкилоти дохилӣ, як мушкили дигар вуҷуд дорад, ки нуфузи ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ коҳиш меёбад.

Ҳузури кам дар Аврупо

Пас аз хориҷ шудани Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо, Фаронса ва Олмон ҳамеша ба унвони муҳимтарин қудратҳои иттиҳод эътироф мешуданд натиҷа хамин аст, ки мушкилоти сиёсии онҳо ба тамоми иттифок бевосита дахл доранд.

Анатол Лион, як пажӯҳишгари аршади Пажӯҳишгоҳи Куинси дар ин мавзӯъ гуфт: "Фаронса ва Олмон ду кишвари муҳиме ҳастанд, ки барои иқтисоди Аврупо хеле муҳиманд, аммо танҳо дар як моҳ ҳукуматҳои ҳарду кишвар аз байн рафтанд, ихтилофҳои дохилӣ ва таниш бар асари чуну чарои муқобила бо касрии будҷа ру ба ру шуд."

Дар ҳарду ҳолат, мушкилоти молии онҳо, маҷмӯи таназзули иқтисодӣ ва фишор ба буҷети некӯаҳволӣ бо хароҷоти пуштибонии аслиҳа ба Украина ба таври назаррас шадидтар шудааст. Дар амал дида метавонем, ки дар Фаронса бӯҳрони молӣ боиси таназзули аҳзоби сиёсии умдаи сиёсӣ шуда, барои афзоиши сиёсатмадорони ифротгаро ва радикалӣ роҳ кушод.

Барбод рафтани нуфузи сиёсй дар Ғарби Осиё ва Африқо

Дар давоми чанд соли охир Фаронса кушиш мекард, ки ба сохти сиёсии Лубнон хамчун як кунишгари хориҷй таъсири маккорона расонад, вале муяссар нашуд ва бо камоли бовари гуфтан мумкин аст, ки қисми мухими мушкилоти сиёсии Лубнон окибати сиёсати Фаронса мебошад. Далелҳо нишон медиҳанд, ки ба ҷуз аз Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, ҷунбишҳои дигари сиёсӣ низ намехоҳанд аз Сомир Гегеа ҳимоят кунанд, зеро ӯ ба унвони як чеҳраи муътамид дар Фаронса ва режими саҳюнистӣ пуштибонии мардумӣ надорад.

Илова ба парвандаҳои Лубнон ва Сурия, Фаронса низ дар Африқо нокомиҳои назарраси сиёсӣ дорад. Бо вуҷуди талошҳои сиёсӣ ва амниятии Фаронса барои таъсир ба раванди бунёди давлат дар Либия, ин кишвари нафти африқоӣ ба талабҳои Порис чандон таваҷҷӯҳ намекунад ва Порис низ нуфузи худро дар кишварҳои дигари африқоӣ, чун Тунис, Алҷазоир ва Чад аз даст додааст.