Гиромидошти мақоми падар дар кишварҳои мухталиф ба ҳиммати ройзанони фарҳангии Эрон
(last modified Wed, 15 Jan 2025 09:15:36 GMT )
Январ 15, 2025 14:15 Asia/Dushanbe
  • Гиромидошти мақоми падар дар кишварҳои мухталиф ба ҳиммати ройзанони фарҳангии Эрон

Порс тудей - Маросими бузургдошти мақоми «Падар», ҳамзамон бо солрӯзи мелоди ҳазрати Алӣ (а), васӣ ва ҷонишини Паёмбари ислом(с), бо талоши сафирону ройзанони фарҳангии Эрон дар чандин кишвар баргузор шуд.

Рӯзи падар дар нуқоти мухталифи ҷаҳон дар таърихҳои мутафовите гиромӣ дошта мешавад. Дар бисёре аз кишварҳо, ин рӯз дар сеюмин якшанбеи моҳи июн ҷашн гирифта мешавад, аммо дар Эрон солрӯзи мелоди ҳазрати Алӣ (а) ба унвони «Рӯзи марду Рӯзи падар» шинохта мешавад ва хонаводаҳои эронӣ даври ҳам ҷамъ шуда ва бо тақдими ҳадоёе ба падарони худ ин рӯзро ҷашн мегиранд.

Ба гузориши Порс тудей, сафирону ройзанони фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамин муносибат дирӯз (14 январ) дар кишварҳои Туркманистон, Туркия, Босния ва Ҳерзеговин ва Зимбабве бо баргузории маросими ҷашн, мақоми падарро гиромӣ доштанд.

Алӣ Муҷтабои Рӯзбеҳонӣ, сафири Эрон дар Туркманистон дар маросими бузургдошти мақоми падар гуфт: «Рӯзи падар», рӯзе барои тафаккур дар бораи талошҳо, ранҷҳо, аз худ гузаштагиҳо ва исори падарони ҷомеъа ва рӯзи посдошти мақому қадрдонӣ аз заҳамоту зудудани ғубори хастагӣ аз чеҳраи пурранҷу муҳаббати падару рӯзи назора кардани лабханди зебои падар ва ба ёди падар будан ва бо падар будан ва барои падар буданаст.

Саидқосими Нозимӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Туркия низ дар маросими Рӯзи падар дар Анкара, зимни табрики вилодати ҳазрати Алӣ (а) ва бузургдошти мақоми падар дар хусӯси аҳамияти мақоми ҳазрати Алӣ (а) дар миёни аҳли суннат дар Туркия сухан гуфт ва ба бархе аз ашъору суханони шуъарои маърӯфи Туркия ва алоқамандии эшон ба ҳазрати Алӣ (а) ишора дошт.

Ҳамчунин маросими ҷашни солрӯзи вилодати ҳазрати Алӣ (а) бо ҳузури ошиқони аҳли байт (а) дар масҷиди Оли Муҳаммад (с) дар пойтахти Зимбабве баргузор шуду Ҳамиди Бахтиёрӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Зимбабве бар аҳаммияти улгубардорӣ аз сираи ҳазрати Алӣ (а) дар зиндагии рӯзмарра таъкид ва мухотабонро барои талош барои таъолӣ бо тамассук ба он ҳазрат даъват кард.

Маросими гиромидошти мелоди ҳазрати Алӣ (а) ва бузургдошти мақоми падар бо ҳузури эрониёни муқим ва босниёиҳои муҳиби мактаби аҳли байт (а) ба мизбонии Бунёди Муллосадро дар пойтахти Босния баргузор шуду ҳуҷҷатулислом Қубоди Сулаймонӣ, мудири Бунёди Муллосадро дар ин маросим изҳор кард, вуҷӯди ҳазрати Алӣ (а) аз завоё ва абъоди мухталиф барои насли башар як улгӯ аст.