Трамп бо ҷанги тарофаҳо ба дунболи чист ?
-
Трамп бо ҷанги тарофаҳо ба дунболи чист ?
Порс тудей - Ба гуфтаи нозирон , раиси ҷумҳӯри Амрико , ҷанги тиҷорӣ алайҳи Чин ва Аврупоро калид зад .
Доналд Трамп , раиси ҷумҳӯри Амрико дар дуюмин рӯзи ҳузураш дар Кохи Сафед таҳдид кард, ки аз аввали феврал тарофаҳои 10 дарсадӣ рӯй колоҳои сохти Чин ки ба Иёлоти Муттаҳида ворид мешаванд , эъмол хоҳад кард .
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Тасним , Трамп муддаӣ аст, ки ҳаргуна тарофа барои колоҳои чинӣ ба далели ирсоли маводи мухаддири Фентанил ба Мексика ва Канада эъмол хоҳад шуд .
Вай ҳамчунин эълом кард, ки дар ҳоли баррасии эъмоли тарофаҳои мушобеҳ бар воридот аз иттиҳодия Аврупо аст .
Раиси ҷумҳӯри Амрико гуфт : Мо бо иттиҳодияи Аврупо 350 миллиард доллари касри тиҷорӣ дорем . Онҳо бо мо бисёр бад рафтор мекунанд , бинобарин бояд мунтазири тарофаҳо бошанд .
Дар ҳамин робита , ( Mao Ning ) сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Чин низ дар вокуниш ба таҳдиди эъмоли тарофаи 10 дарсадии раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико бар Чин , гуфт : « Мо ҳамеша бар ин бовар бӯдаем, ки ҳеҷ барандае дар ҷанги тиҷорӣ ё ҷанги тарофае вуҷӯд надорад , Чин қотеъона мутаъаҳид ба ҳифзи манофеи миллии хеш аст ».
Аз сӯии дигар , « Педро Санчес » нахуствазири Испания низ дар ҳошияи маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод дар Давоси Швейтсария , таҳдидҳои Доналд Трамп раиси Ҷумҳурии Амрико барои эъмоли тарофаи алайҳи иттиҳодияи Аврупоро ба истилоҳ « бозии маҷмӯи сифр » тавсиф кард .
Коршиносон сиёсӣ муътақиданд, ки мавзегириҳо ва изҳороти раиси ҷумҳӯри ҷадиди Амрики ҳокӣ аз қасди вай барои таҳмили иродаи Вашингтон бар шуракои тиҷории худ ва талош барои дар ҳам рехтани назми иқтисодӣ ва тиҷории ҷаҳонӣ аст .