Оё ихроҷи Фаронса аз Африқо нишонаи мавҷи дувуми истеъморзудоӣ аст?
(last modified Tue, 28 Jan 2025 14:21:00 GMT )
Январ 28, 2025 19:21 Asia/Dushanbe
  • Оё ихроҷи Фаронса аз Африқо нишонаи мавҷи дувуми истеъморзудоӣ аст?

Порстудей-Воқеиятҳои талхи вобаста ба «робитаи Фаронса - Африқо» яке аз омилҳои аслии муҳаррики иқдомоти нухбагони сиёсии нав ва низ дархостҳои густурдаи мардумӣ барои поён додан ба равобити номавзун бо Фаронса ва вуруд ба равобити баробар аст.

Муассисаи “Сиёсати байналмилали Утриш(Австрия)» дар таҳлиле таъкид кард:Иқдоми кишварҳои Африқои марказӣ ва ғарбӣ дар ихроҷи низомиёни Фаронса, бахше аз як раванди густурдаи истиқлолталабӣ ва таъкид бар ҳокимияти миллӣ аст, ки метавон аз он ба унвони мавҷи дувуми истеъморзудоӣ дар Африқо ёд кард.

 Ба гузориши Порстудей, дар ёддошти таҳлилии ин муассиса омадааст: Ду кишвари Чад ва Сенегал замоне аз муттаҳидони аслии Фаронса дар Африқо ва аз сутунҳои шабакаи нуфузи иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомии Фаронса дар кишварҳои мустаъмараи собиқи Париж дар Африқо маҳсуб мешуданд, аммо чӣ омилҳое дар ин таҳаввулоти 65 сол пас аз истиқлоли мустаъмараҳои Франса дар Африқои ғарбӣ ва марказӣ нақш доштаанд?

 Аввалин омиле, ки дар ин хусус қобили баррасӣ аст, зуҳури як насли ҷавон ва фаъол дар Африқо аст, ки аз огоҳии умумӣ бархурдор аст ва аз тариқи иртиботот ва расонаҳои иҷтимоӣ натанҳо хоҳони тағйироти воқеӣ ҳастанд, балки дар ин масир талош мекунанд. Ин амр дар хусуси насли ҷадиди раҳбарони сиёсии ҷавон дар Африқо низ рост аст, ки солҳо пас аз истеъморзудоӣ мутаваллид шудаанд. Онҳо бар хилофи насли қадимитари сиёсатмадорон, ошноии зиёде бо манофеъи шахсӣ дар ивази кумакҳои Фаронса надоранд. Ончи онҳо мушоҳида кардаанд, амалиёти низомии тӯлонии бидуни натиҷаи эҳсосшаванда барои мардум ё баҳрабардорӣ аз манобеъи табии кишварҳоияшон тавассути ширкатҳои фаронсавӣ ва идомаи заъфи тавсеа дар ин кишварҳо аст. Воқеиятҳои талхи вобаста ба «робитаи Фаронса - Африқо» яке аз омилҳои аслии муҳаррики иқдомоти нухбагони сиёсии нав ва низ дархостҳои густурдаи мардумӣ барои поён додан ба равобити номавзун бо Фаронса ва вуруд ба равобити баробар аст.

Яке дигар аз авомили осонкунандаи ин раванди ҷадид, зуҳури як назми ҷаҳонии чандқутбӣ аст, ки намуди онро дар афзоиши нақши дигар бозигарони байналмилалӣ монанди Чин ва Русия дар қитъаи Африқо мушоҳида мекунем. Ин шарикони нав бидуни доштани собиқаи истеъморӣ дар Африқо, фурсатҳое барои ҳамкорӣ дар сатҳҳои иқтисодӣ ва низомии бидуни мудохила дар умури дохилии кишварҳои Африқои пешниҳод мекунанд. Ин шарикони тоза ҳимоят ва ҳамкории худро бо шартҳои хоссе ҳамонанди ғарбиҳо вобаста намекунанд, балки хостаҳои мушаххас ва равшане монанди ҳимояти дипломатӣ дар сатҳи байналмилалӣ ё дастрасӣ ба бозорҳои энергӣ доранд.

 Муассисаи “Сиёсати байналмилали Утриш(Австрия)» дар поён таъкид мекунад, ки Иттиҳодияи Аврупо ба унвони яке аз шарикони суннатии тавсеаи Африқо агар мехоҳад ба таомул бо Африқо идома диҳад, бояд ба ин хост ва тамоюли кишварҳои африқоӣ эҳтиром бигузорад ва мушорикати бар асоси манфиъатҳои муштарак ва эҳтироми мутақобилро ба онҳо пешниҳод диҳад. Ин дар ҳоле аст, ки улгуи ҳаракат ба самти истиқлоли бештар, фаротар аз минтақаи фаронсавизабони Африқо аст. Яке аз намудҳои ин масъала, дар тамоюли шумори бештаре аз кишварҳои африқоӣ барои пайвастан ба эътилофи «БРИКС» мушоҳида мешавад. Яке аз ҷаззобитҳои хосси «БРИКС» барои кишварҳои африқоӣ, рад кардани иддаоҳо ва нигаришҳои султаталабона (гигемони)и кишварҳои ғарбӣ, ҳимоят аз назми ҷаҳонии чандқтбӣ ва ғайримудохилаҷуёна ва эҳтиром ба ҳаққи ҳокимият ва истиқлоли кишварҳо аст.