Раисиҷумҳури Амрико дар пайи тасоҳуби Борикаи Ғазза
(last modified Wed, 05 Feb 2025 09:00:29 GMT )
Феврал 05, 2025 14:00 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Амрико дар пайи тасоҳуби Борикаи Ғазза

Порс тудей - Гузоришҳо аз талоши раисиҷумҳури Амрико барои тасоҳуби Борикаи Ғазза ва ҳамчунин эҳтимоли ба расмият шинохтани ҳокимияти режими саҳюнистӣ бар Каронаи Бохтарии руди Урдун ҳикоят дорад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар ҳузури Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими Исроил дар Кохи Сафед, барои тавҷеҳи тарҳи ҷадиди худ ба вайрониҳои ҳавлноку такондиҳандаи ин сарзамин, ки тавассути исроилиҳо дар ҷанги 15 моҳ эҷод шудааст, ишора кард ва гуфт: Борикаи Ғазза макони муносибе барои фаластиниҳо нест ва бояд барои онҳо як қитъаи замини хубу тоза фароҳам шавад.

Ба гузориши Порс тудей, ин мавзеи ҷадиди давлати Амрико ҳикоят аз он дорад, ки Трамп мехоҳад дар ҳамкорӣ бо Натаняҳу боқимондаи сарзамини фаластиниёнро миёни худ тақсим кунанд.

Пеш аз ин низ Трамп гуфта буд, фаластиниёни сокини Ғазза бояд ба Мисру Урдун кӯч дода шаванд то имкони бозсозии вайрониҳои Ғазза фароҳам шавад. Ҳоло раисиҷумҳури Амрико як қадам ҷилавтар омадааст ва аз ҳокимият бар Ғазза ва моликияти ин қитъаи кучак, аммо пурҷамъият дар каронаи шарқии Баҳри Миёназамин сухан мегуяд.

Фарде, ки дар ҷавонӣ дар санъати сохтумон фаъолият мекард ва акнӯн дар мақоми раёсатҷумҳурии Амрико қарор дорад, дар талош аст бо баҳонаҳои башардӯстона, минтақаи ҷангзадаи Ғаззаро аз ҷамъият пок кунад ва дар он, биноҳои вайрон шударо бозсозӣ намояд. Он ҳам дар ҳоле, ки усулан тасмиме надорад, ки назари ҳамин мардуми ҷангзадаро ҷӯё шавад. Ба ҳамин далел, аз илзоми овора кардани дувуним миллион инсони сокин дар Ғазза сухан мегуяд. Барои беш аз се миллион фаластинии сокини Каронаи Бохтарӣ низ, эҳтимоли замима шудани он ба хоки таҳти кантроли Исроил (сарзаминҳои 1948 фаластинӣ)-ро матраҳ кардааст.

Бад-ин сӯрат, амалан идеаи роҳи ҳалли ду давлатӣ миёни исроилиҳо ва фаластиниҳо аз сӯи давлати кунунии Амрико канор гузошта хоҳад шуд ва ин кишвар дар канори Исроил, боқимондаи сарзаминҳои фаластиниро ишғол хоҳанд кард.

Албатта ҳол, тамомии кишварҳои арабӣ муттафиқулқавл, бо идеаи Трамп барои кӯчондани фаластиниёни Ғазза ба Мисру Урдун мухолифат кардаанд. Бо ин ҳол, тасаввур мешавад, Трамп бар рӯи нуфузи сиёсӣ – иқтисодӣ ва ҳамчунин қудрати руъбовари артиши Амрико дар баробари кишварҳои арабӣ, бавижа Мисру Урдун ҳисоб боз кардааст. Ба иборати дигар, агар артиши Амрико барои эъмоли ҳокимият бар Ғазза, ба ин минтақа гусел шавад ва марзҳои Мисрро ба зӯр боз кунад то аз ин тариқ, садҳо ҳазор фаластинӣ ба дохили хоки Миср кӯчонда шаванд, Қоҳира ҷуръат муқовимат нахоҳад дошт.

Бо ин ҳол, баъид баназар мерасад фаластиниён, миллате, ки 80 сол дар баробари ишғолгарӣ, ҷангу куштор, ормони озодии сарзаминашонро канор нагузоштаанд, дар баробари ишғолгарии амрикоиҳо сукут намоянд ва таслим шаванд. Аз ин ҷиҳат, бар хилофи иддаоҳои Трамп мабнӣ бар барқарории сулҳ дар минтақаи Ғарби Осиё ва фароҳам кардани зиндагии ором барои миллионҳо фаластинӣ, раисиҷумҳури ҷадиди Амрико амалан дар ҳоли равшан кардани оташи ҷангҳои ҷадид дар минтақаи Ғарби Осиё аст, ки шуълаҳои он, на фақат кишварҳои минтақаро хоҳад сӯзанд, балки оташи он, домони амрикоиҳо ба унвони бахше аз неруҳои ишғолгари сарзамини Фаластинро ҳам хоҳад гирифт.

Сулҳу оромиш дар сарзамини Фаластин замоне барқарор хоҳад шуд, ки беадолатӣ дар ҳаққи чанд миллион инсони фаластинӣ бартараф шаванду онон ба кишвари маддиназари худ даст ёбанд. Дар ғайри ин сӯрат, ишғоли Ғазза тавассути Амрикоиҳо ё ба расмият шинохтани ҳокимияти Исроил бар Каронаи Бохтарӣ, фақат талоше барои пок кардани сӯрати масъала хоҳад буд, бидуни инки барои рафъи як мушкили музмин, роҳи ҳали ниҳоӣ ироа шавад.