Муштарӣ, рақиб ё душман; дипломатияи мофиёии Трамп чӣ гуна аст?
-
Муштарӣ, рақиб ё душман; дипломатияи мофиёии Трамп чӣ гуна аст?
Порс-Тудей. Нашрияи англисии “Гордиан” бо ишора ба сиёсати хориҷии Трамп хотирнишон кард, ки раисиҷумҳури Амрико як дипломатия ба сабки мофиёиро пеш мебарад.
“Гордиан” дар матлабе дар бораи сиёсати хориҷии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико таҳти унвони “Назме ҷадиду нигаронкунанда дар ҳоли шаклгирӣ аст” навишт, ки муттаҳидони собиқи Амрико набояд мафҳуми беқонунии Трамп дар муомилагарии байналмилалиро одисозӣ ё машруъ ҷилва диҳанд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Исна, дар ин матлаб нависанда бо ишора ба изҳороти таҳрикомези Трамп алайҳи Ғазза ва таҳдид ба кӯчонидани фаластиниҳо аз сарзаминҳои обову аҷдодии худашон, хотирнишон мекунад: “Ҳеҷ чиз дар бораи идеяи Доналд Трамп, мабнӣ бар инки Ғазза бояд таҳти контроли Амрико қарор бигирад, мутобиқ бо қавонину урфҳои пазируфташудаи равобити байналмилал нест, аммо давлати кунунии Кохи Сафед аз равишҳои суннатӣ безор аст ва қасд дорад ҷаҳонро ба шакле бунёдин тағйир диҳад. Ба тавре ки бозгашт ба назми қабл аз Трамп ғайримумкин шавад”.
Ин нашрияи англисӣ муътақид аст, ки хости Трамп барои ҷобаҷоии иҷбории 2. 2 миллион фаластинӣ ба кишварҳои арабии ҳамсоя, таъйиде ошкор бар як ҷинояту поксозии қавмӣ аст.
Бар асоси эъломи “Гордиан”, идеяи табдили Ғазза ба тафарруҷгоҳи медитиронаӣ пас аз тасарруфи он тавассути Амрико, дар айни ҳол, ки озордиҳанда ҳаст, ба тарзи музҳике аз воқеият фосила дорад. Трамп бо минтақае ҷангзада дар қалби яке аз печидатарин манотиқи ҷаҳон, монанди як милки таркшуда дар Манҳеттен рафтор мекунад. Ӯ бо зиндагии миллионҳо инсон ба забони як бисозу бифурӯши фосид ва бо равишҳову ахлоқиёти як раиси мофиё бозӣ мекунад.
“Гордиан” таъкид мекунад, ки чунин рӯйкарде бесуботии ғайризаруриро дуруст дар замоне афзоиш медиҳад, ки рӯйкарде комилан мутафовит барои ҳифзи оташбаси шикананда дар Ғазза зарурӣ аст. Тамоми давлатҳои минтақаи Ғарби Осиё, ба ҷуз эътилофи ифротии Бенёмин Натанёҳу, дар арозии ишғолӣ дахолати Трампро хатарнок ва мухарриб медонанд.
“Гордиан” менависад: “Ин дидгоҳ дар миёни муттаҳидони аврупоии Амрико ҳам вуҷуд дорад. Ҳамон кишварҳое ки то чанд ҳафтаи пеш худро ҳампаймонони мустақили Амрико медонистанд, аммо акнун мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки чунин мафҳуме дар зеҳни раисиҷумҳури Амрико вуҷуд надорад. Ӯ фақат се дастаро ба расмият мешиносад; муштариён, рақибон ва душманон. Имкони ҷобаҷоӣ байни ин дастаҳо танҳо бо тамаллуқгӯй ва ироаи имтиёзот вуҷуд дорад. Аммо ҳампаймонии пойдор бар пояи манофеи муштарак, тааҳҳудоти ҳуқуқии муоҳидоту арзишҳои демократӣ, дигар дар Кохи Сафед ҷойгоҳе надорад”.
Ин нашрияи англисӣ дар хотимаи гузориши худ овардааст: “Дар таърих намунаҳои зиёде аз ҳокимони мустабид вуҷуд дорад, ки ҳарҷу марҷро дар дохили сарзамини худу хориҷ аз он густариш додаанд, аммо ҳеҷ собиқае аз вуқуи чунин вазъияте барои қудратмандтарин демократияи ҷаҳон вуҷуд надорад ва ҳеҷ роҳнамое барои кумак ба муттаҳидони собиқи ин кишвар дар мувоҷеҳа бо ин шароит дар дастрас нест. Аммо як нукта акнун равшан аст; умед бастан ба инки Амрико таҳти раҳбарии Трамп битавонад ба қавоиди қадимӣ пойбанд шавад, стратегияи мутмаине нест”.