Январ 16, 2017 09:53 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Ишғоли Ироқ ва Афғонистон иштибоҳ буд

Раисҷумҳури мунтахаби Амрико дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Таймси Англия, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, ишғоли Ироқу Афғонистон ба дасти Амрикоро иштибоҳ донист.

Ба иттилои Ирно, Доналд Трамп зимни интиқод аз сиёсати хориҷии Амрико гуфт: Дахолат дар Ироқу Афғонистон яке аз бадтарин тасмимоте буда, ки дар торихи ин кишвар гирифта  шудааст.

Раисҷумҳури мунтахаби Амрико ҳамчунин зимни истиқбол аз раъйи мардуми Британия ба Брегзит, пешбинӣ кард, ки ба дунболи Британия дигар кишварҳои аврупоӣ низ аз Иттиҳодияи Аврупо хориҷ хоҳанд шуд.

Трамп дар бахши дигаре аз ин мусоҳиба бе онки ба эҷодкунандагони аслии буҳрони Сурия ишорае кунад, аз муборизаи Русия бо террористҳо дар Сурия интиқод кард ва муддаӣ шуд, ин масъала шароити инсониро дар Сурия буҳронӣ кардааст.

Раисҷумҳури мунтахаби Амрико ҳамчунин дар изҳороте мудохилагарона хостори эҷоди манотиқи амн дар Сурия шуд ва гуфт: Кишварҳои араби ҳошияи Халиҷи Форс, ки манобеи молии зиёде доранд, бояд ҳазинаи эҷоди ин манотиқро пардохт карда ва Вашингтон танҳо онро идора кунад.

 

Барчасп