ҳикоятҳо | Исроил аз оби гилолуд моҳӣ мегирад; Лубнон муроқиб(ҳушёр) бошад!
Порстудей - Ин рӯзҳо режими саҳюнистӣ ба баҳонаҳои мухталиф саъй бар он дорад, то вазъияти ҳоким бар Лубнонро дар ростои аҳдофи худ халалдор кунад.
Таҷовузи Исроил ба хоки Лубнон, дахолати Исроил дар умури дохилии Лубнон, террор ва куштор аз ҷумлаи калидвожаҳое аст, ки ин рӯзҳо аз нақшофаринии буҳронзои Исроил дар Лубнон мешунавем.
Ба гузориши Порстудей, Лубнон ҳашт бор ва дар солҳои 1948, 1967, 1973, 1978, 1982, 1993, 1996 ва 2006 ҳадафи ҳуҷуми густурдаи режими саҳюнистӣ ва дар доми фитнаҳои ин режим қарор гирифт; дар ин солҳо садҳо ҳазор нафар шаҳид ва захмӣ ва беш аз як миллион тан овора шуданд ва миллиардҳо доллар ба бахшҳои иқтисодии Лубнон хисорат ворид омад.
Режими саҳюнистӣ дар тозатарин таҷовузи худ, 23 сентябри 2024 ба Лубнон ҳамла кард ва илова бар зери по гузоштани ҳокимияти ин кишвар мӯҷиби шаҳодати ҳазорон нафар аз мардуми бегуноҳ низ шуд.
Бо вуҷуди инки пас аз чанд моҳ даргирӣ, саранҷом оташбаси 60 рӯза байни режими саҳюнистӣ ва Лубнон бо миёнҷигарии байналмилалӣ аз 27 ноябр иҷро шуд, аммо ин тавофуқ боз ҳам натавонист монеъ аз ҷангафрӯзӣ ва таҷовузи Исроил шавад ва борҳои бор тавофуқи оташбас тавассути режими саҳюнистӣ вайрон шуд.
Пештар ва аз 31 октябри 2022, ки давраи раёсатҷумҳурии Мишел Авн, раисҷумҳури собиқ, бидуни интихоби ҷонишин ба поён расид, Лубнон аз халои раёсатҷумҳурӣ ранҷ мебарад ва парлумони Лубнон бо вуҷуди ҷаласаҳои зиёд наметавонист ба гузинаи ягона барои раёсатҷумҳурии ин кишвар бирасад; мавзӯе, ки иртиботи мустақим бо сангандозии Амрико ва Исроил дар раванди ташкили давлати Лубнон ба далел тарс аз тақвияти муқовимат ва суботи сохтори сиёсӣ дар ин кишвар дорад.
Ҳарчанд ахиран Ҷозеф Авн - раисҷумҳури Лубнон ба Морган Ортагус-муовини фиристодаи Амрико ба ғарби Осиё гуфта, ки суботи доим дар ҷануби Лубнон бо ақибнишинии режими саҳюнистӣ муртабит аст, аммо рафтори сусти Бейрут дар мавриди таҷовуз ва дахолатҳои Исроил дар умури дохилии ин кишвар, мақомоти режими саҳюнистиро густохтар карда то ба талошҳои худ барои тадовуми нооромиҳо дар Лубнон идома диҳанд.
Ба ҳар ҳол режими саҳюнистӣ чӣ дар ҷанг ва чӣ дар оташбас намехоҳад, ки амният бар Лубнон ҳоким бошад; ба иборате метавон гуфт, ки Лубнони ноамн, хостаи Исроил барои пешбурди аҳдофаш аст.
Бо ин вуҷуд набуди тасмимгирии дақиқ ва мутаносиб бо шароити имрӯзи Лубнон аз сӯи мақомоти нави он ва аз он су нақшофаринии буҳронзои Исроил дар нисбат бо ин кишвар, намунаи ин зарбулмасали эронӣ аст, ки Исроил «аз оби гилолуд моҳӣ мегирад».
Шарҳи ин зарбулмасал аз ин қарор аст, ки марди моҳигире, дар ҳоли моҳигирӣ аз рӯдхонае буд. Тури моҳигирии худро ба миёни ҷараёни об қарор дода буд ва ҳамзамон ресмонеро ҳам дар об қарор дода буд, ки тикка санге ба он васл буд. Он ресмонро такон медод ва обро гилолуд мекард. Раҳгузаре ӯро дар ин ҳол мебинад ва ба моҳигир мегӯяд: Ин чӣ коре аст, ки мекуни? Ин об ошомиданӣ аст ва ту бо ин кор онро олуда мекунӣ ва дигар барои мо қобили истифода нест?! Моҳигир аммо дар ҷавоб мегӯяд: Бо ин кор ва такон додани ин ресмон об гилолуд мешавад ва моҳиён роҳи худро гум мекунанд ва дар доми ман гирифтор мешаванд.
Ин зарбулмасал ба маънои суистифода аз шароити ошуфта ва нобасомон аст ва баёнгари ин мавзӯъ аст, ки Исроил аз мушкилот ё буҳронҳои Лубнон барои расидан ба аҳдофи худ баҳрабардорӣ мекунад. Аз ин рӯ мақомот ва мардум ва нухбагон ин кишвар бояд пайваста дар баробари ин таҳдиди вайронкунанда ва бардавом ҳушёр бошанд.