Ҷанги таърифаҳо | Канада: Аҳмақона аст; Трамп: Афзоиш медиҳам; Мексика: Талофӣ мекунем
(last modified Wed, 05 Mar 2025 10:58:02 GMT )
Март 05, 2025 15:58 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги таърифаҳо | Канада: Аҳмақона аст; Трамп: Афзоиш медиҳам; Мексика: Талофӣ мекунем

Порс тудей - Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада дар бораи эъмоли таърифа(боҷ-молиёт)-ҳои Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико алайҳи кишвараш, гуфт, ки ин як кори бисёр аҳмақонааст.

Трюдо гуфт: Имрӯз ҳеҷ тавҷеҳ ё ниёзе барои ин таърифаҳо вуҷӯд надорад.

Ба гузориши Порс тудей, нахуствазири Канада рӯзи сешанбе ҳушдор дод: Барои ҷилавгирӣ аз рафтори ғоратгарона, ки ширкатҳои канадаиро таҳдид мекунад, иқдомотеро анҷом хоҳем дод. Вай таъкид кард: Роҳҳои ҷадиде барои ҳамкорӣ бо Мексика барои муқобила бо таърифаҳо пайдо хоҳем кард.

Раисиҷумҳури Амрико Канадаро таҳдид кард

Дар ҳамин робита Трамп дар посух ба Трюдо таҳдид кард, ки фавран таърифаҳои мутақобил бар кишвари ҳамсояи худро афзоиш хоҳад дод. Трамп рӯзи сешанбе дар расонаи иҷтимоӣ навишт: «Лутфан ба Трюдо, фармондори Канада тавзеҳ диҳед, ки вақте таърифаи талофиҷӯёна бар Амрико вазъ мекунад, таърифаи мутақобили мо билофосила ба ҳамон мизон афзоиш меёбад.»

Мексика: Талофӣ мекунем

Клаудия Шейнбаум, раисиҷумҳури Мексика низ рӯзи сешанбе таърифаҳои Иёлоти муттаҳидаро маҳкӯм кард ва қавл дод, ин иқдомро талофӣ(ҷуброн) кунад. Вай гуфт, ки ҳеҷ тавҷиҳе барои вазъи таърифаҳои 25 дарсадии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлоти муттаҳида бар воридот аз Мексика вуҷӯд надорад.

Чин: Амрико рафтори қулдурмобонаи худро канор бигузорад

Аз сӯи дигар Lin Jian, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин рӯзи сешанбе дар вокуниш ба ақдомоти таърифаии Вашингтон гуфт: Амрико бо баҳонаҷӯӣ дар бораи масаълаи Фентанил, бори дигар бар колоҳои чинӣ таърифа эъмол кардааст. Чин борҳо мухолифати худро бо ин иқдом эълом карда ва тадобири мутақобили Пекин комилан дар ростои дифо аз манофеи машрӯъи худ аст. Вай бо ишора ба инки “мардуми Чин ҳаргиз таслими таҳдид ва иръоб намешаванд”, ҳушдор дод: Фишору зӯргӯӣ равиши дурусте барои таъомул бо Чин нест. Ҳаргуна фишори ҳаддиаксарӣ бар Чин, ҳисоби иштибоҳу иқдоме беҳуда хоҳад буд.

Зиёнҳои иқтисодии ҷанги таърифаии Трамп барои саноати Амрико

Дар ҳамин ҳол, Wade Gantz, пажӯҳишгари Муассисаи Baker Institute at Rice University, ҷанги тиҷории Трампро таҳдиде ҷиддӣ барои саноати Амрико бавижаи санъати худравсозӣ донист. Вай таъкид кард: «Ин таърифаҳо ҳазинаи ҳамаи чизҳоеро, ки аз Мексика ё Канада ворид ва дар худравҳои монтаж шуда дар Амрико истифода мешаванд, афзоиш хоҳад дод.»