Эҳёи мактабҳои Фатҳуллоҳ Гулен дар Қирғизистон
Бо вуҷуди баста шудани мактабҳои гурӯҳи мавсум ба Ҷунбиши “Ҳизмет”, ҷунбиши вобаста ба Фатҳуллоҳ Гулен дар Қирғизистон тайи рӯзҳои ахир бархе ҷараёнҳои сиёсии ин кишвар ба эҳёи фаъолияти ин мактабҳо дар Қирғизистон таъкид мекунанд.
Пас аз табаддулоти 15 июли соли гузашта дар Туркия дархости бозгардондани Фатҳуллоҳ Гулен аз Амрико ба Туркия ва бастани ҳама ниҳодҳои омӯзишию таблиғотии вобаста ба Гулен дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумлаи рӯйкардҳои давлати Анкара дар арсаи дипломатӣ аст. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва дар раъси онҳо Қирғизистон пешгоми пазириши ин хости Туркия буданд. Ин кишварҳо яке пас аз дигар дар минтақа ва ҳатто Покистон, дар минтақаи ҷануби Осиё низ бо дархости давлати Анкара барои манъ кардани фаъолияти ҷунбиши Гулен ва мактабҳои вобаста он посухи мусбат доданд.
Бастани ин мактабҳо ба далели зарари молие, ки аз ҳазфи онҳо ба иқтисоди кишварҳои мизбон расид, интиқоди бархе маҳофили ин кишварҳоро барангехт. Илова бар ин пазириши ин дархости Туркия ба маънои нақзи истиқлоли кишварҳои мизбони мактабҳои Гулен арзёбӣ шуд. Акнун, ки камтар аз шаш моҳ аз бастани фаъолияти мактабҳои Гулен дар Қирғизистон ва бархе дигар аз кишварҳои минтақа мегузарад, замзамаи эҳёи ин макотиб дар маҳфилҳои мухталифи ин кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон шунида мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки омӯзиш дар макотиби Гулен бар асоси таърифи хоси шахси Гулен аз дин ва дар чорчӯби омӯзишгоҳӣ аст. Дар робита ба ин ки Гулен дар пӯшиши эҳёи ба истилоҳ омӯзиши динӣ бар асоси усули навини омӯзишгоҳӣ дар пайи нуфуз дар кишварҳои ҳадаф аст, шакке вуҷуд надорад.
Гулен ба унвони фориғ-ул-таҳсили Донишкадаи илоҳиёти Туркия бо баҳонаи эҷоди ҳамбастагӣ байни миллатҳо, аммо бо ҳадафи таблиғи пантуркизм бунёдҳои иқтисодӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии мухталиферо дар дохилу хориҷи Туркия таъсис додааст. Гулен муътақид аст, муаллимоне, ки аз Туркия барои таълим ба кишварҳои мухталиф мераванд, метавонанд монанди дипломат амал кунанд, пули миёни Туркия ва кишваре, ки дар он фаъолият мекунанд, бошанд ва заминаро барои ҳамкории фарҳангию иқтисодӣ низ фароҳам оваранд. Ба ибораи дигар муаллимони муассисаҳои таълимии Гулен, ки ба кишварҳои дигар мераванд, ҳамчун миссионерҳои мазҳабии аврупоӣ дар қарни гузашта фаъолияти мазҳабӣ ва омӯзиширо дар дастури кор худ қарор додпанд. Ҳадаф ин аст, ки кадрҳои раҳбари ояндаро дар ин кишварҳо тарбият кунанд ва бистари нуфузи мазҳабӣ-сиёсӣ ва иқтисодии Туркияро дар ин кишварҳо фароҳам оваранд. Дар бахши дохилӣ низ фарзандони мақомҳои аршади Туркия ва кишварҳои минтақа, бавижа фарзандони сафирону намояндагони кишварҳои хориҷии муқими минтақа низ дар ин макотиб ба таҳсил машғул ҳастанд. Шумори зиёди афроде, ки аз фардои табаддулоти июли соли гузашта дар Туркия ҳадафи поксозии Раҷаб Тайиб Эрдуғон қарор гирифтанд, мизони нуфузу кадрсозии мактаб ва ниҳодҳои омӯзишии Гуленро дар ҷомеаи Туркия нишон медиҳад. Ин вазъият дар кишварҳое, ки макотиби Гулен он ҷо фаъолият мекунанд, сармоягузории ба истилоҳ илмӣ ва омӯзишии Гулен низ ба чашм мехӯрд.
Бо вуҷуди ин заъфи иқтисодии кишварҳое назири Қирғизистон дар бахши омӯзиш сабаби эҳтимоли таҷдиди назари мақомоти ин кишвар дар робита ба эҳёи фаъолияти макотиби Гулен дар ин кишвар шудааст. Ин рӯйкард метавонад ба таҷдиди назари Туркия дар муносиботи Анкара ва Бишкек мунҷар шавад. Пиёда кардани чунин сиёсат ҳатто метавонад ба ҳамон суръате, ки ба дархости Туркия мадориси Гулен дар Қирғизистон баста шуд, ба оғозе барои эҳёи фаъолияти ҷунбиши Гулен дар Осиёи Марказӣ ба итмом бирасад.