Январ 17, 2017 11:26 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Ишғоли Ироқ ва Афғонистон иштибоҳ буд

Раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Таймз”-и Англия, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, ишғоли Ироқ ва Афғонистон ба дасти Амрикоро иштибоҳ донист.

Ба гузориши ИРНА, Доналд Трамп зимни интиқод аз сиёсати хориҷии Амрико гуфт, дахолат дар Ироқ ва Афғонистон яке аз бадтарин тасмимоте буда, ки дар таърихи ин кишвар гирифта шудааст.

Раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико ҳамчунин зимни истиқбол аз раъйи мардуми Британия ба “Брекзит”, пешбинӣ кард, ки ба думболи Британия дигар кишварҳои аврупоӣ низ аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ хоҳанд шуд.

Трамп дар бахши дигаре аз ин мусоҳиба бе он ки ба эҷодкунандагони аслии буҳрони Сурия ишорае кунад, аз муборизаи Русия бо террористҳо дар Сурия интиқод кард ва муддаӣ шуд, ин масъала шароити инсониро дар Сурия буҳронӣ кардааст.

 Раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико ҳамчунин дар изҳороти мудохилагарона хостори эҷоди манотиқи амн дар Сурия шуд ва гуфт, кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс, ки манобеи молии зиёде доранд, бояд ҳазинаи эҷоди ин манотиқро пардохт карда ва Вашингтон танҳо онро идора кунад.

 

Барчасп