Таҳаввулоти Ҳинду Покистон | Таниш дар шибҳи қора ба авҷ расид
(last modified Wed, 07 May 2025 15:50:00 GMT )
Май 07, 2025 20:50 Asia/Dushanbe
  • Таҳаввулоти Ҳинду Покистон | Таниш дар шибҳи қора ба авҷ расид

Порс Тудей. Танишҳо миёни Ҳинду Покистон пас аз ҳамалоти мушакии Ҳинд ба манотиқе дар Кашмири таҳти кантроли Покистон ба авҷи худ расидааст.

Ба гузориши Порс Тудей, танишҳои низомӣ миёни Ҳинду Покистон, ду қудрати атомии шибаҳи қора, пас аз ҳамалоти мушакии Ҳинд ба манотиқе дар Кашмири таҳти кантроли Покистон ба сатҳи бесобиқае расидааст. Ин даргириҳо, ки реша дар ҳамлаи террористии ҳафтаи гузашта дар минтақаи Паҳалгами Кашмири таҳти кантрол Ҳинд дорад, минтақаро дар остонаи як буҳрони тамомайёр қарор додааст.

Давлати Ҳинд рӯзи сешанбе муддаӣ аст, ки дар амалиёте бо номи «Синдур», 9 пойгоҳи террористӣ дар Кашмири Покистонро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор додааст. Артиши Ҳинд ин ҳамалотро «дақиқ» ва дар ростои иҷрои адолат тавсиф карда ва сафорати ин кишвар дар Амрико таъкид дорад, ки ҳеҷ таъсисоти ғайринизомӣ ё низомии Покистон ҳадаф қарор нагирифтааст. Аммо Покистон ин иддаоҳоро «беасос» хонда ва ҳамалотро нақзи ошкори ҳокимияти худ донистааст.

Ҳамла ба 6 нуқтаи Покистон

Сухангуи артиши Покистон эълом кард, ки ҳамалоти Ҳинд ба 6 нуқта дар хоки ин кишвар, аз ҷумла як сад дар Кашмир, мунҷар ба кушта шудани 26 ғайринизомӣ ва захмӣ шудани 46 нафар шудааст.

Вазири дифои Покистон, Хоҷа Муҳаммад Осиф, зимни ради иттиҳомоти Ҳинд мабнӣ бар вуҷуди пойгоҳҳои террористӣ, таъкид кард, ки посух ба ин таҷовуз идома хоҳад дошт.

Дар Шӯрои амният

Покистон, ки узви ғайридоими Шӯрои амният аст, бо иттилорасонӣ ба ин шӯро, ҳамлаи Ҳиндро таҳдиде барои сулҳи ҷаҳонӣ хонд ва эълом кард, ки мутобиқи модаи 51 Маншури Созмони милал, ҳаққи дифо аз худро маҳфӯз медорад. Исломобод ҳамчунин кордори Ҳиндро эҳзору эътирози шадиди худро иблоғ кард. Раисиҷумҳур ва нахуствазири Покистон низ бо маҳкӯм кардани иқдомоти Ҳинд, бар идомаи посухгуӣ таъкид карданд.

Соқит шудани 5 ҷангандаи ҳиндӣ

Дар идомаи таниш байни Деҳлии Нав ва Исломобод, неруи ҳавоии Покистон муддаӣ шудааст, ки 5 ҷангандаи ҳиндиро соқит карда ва як пойгоҳи низомии Ҳиндро мунҳадим сохтааст. Ин дар ҳоле аст, ки артиши Ҳинд иддаоҳои Покистон дар бораи соқит шудани ҷангандаҳояшро таъйид накарда, аммо манобеи покистонӣ аз асорати чанд низомии ҳиндӣ хабар додаанд.

Омодабоши падофанди ҳавоии Ҳинд

Аз суи дигар, Ҳинд ҳамаи системаҳои падофанди ҳавоии худ дар марз бо Покистонро ба ҳолати омодабош дароварда ва гузоришҳое аз табодули оташи тӯпхона дар хати кантрол мунташир шудааст.

Даъват ба хештандорӣ

Дар ҳамин ҳол, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал бо ибрози нигаронӣ аз ин даргириҳо, ду тарафро ба хештандорӣ даъват кард ва ҳушдор дод, ки ҷаҳон наметавонад шоҳиди рӯёрӯии низомӣ байни ин ду қудрати атомӣ бошад. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ низ бо нигаронӣ таҳаввулотро дунбол мекунад, зеро ташдиди танишҳо метавонад паёмадҳои фоҷеъаборе барои минтақа ва ҷаҳон дошта бошад.