Эрон ва ҷаҳон | Маҳкӯмияти суханони тафриқаангези раиси Ҷумҳурии Амрико ; Судӯри муҷаввизи ифтитоҳи аввалин шуъбаи банки русӣ дар Эрон
-
Эрон ва ҷаҳон | Маҳкӯмияти суханони тафриқаангези раиси Ҷумҳурии Амрико ; Судӯри муҷаввизи ифтитоҳи аввалин шуъбаи банки русӣ дар Эрон
Порс тудей - Маҳкӯмияти суханони тафриқаангези раиси Ҷумҳурии Амрико аз сӯйи Эрон , судӯри муҷаввизи ифтитоҳи аввалин шуъбаи банки русӣ дар Эрон , ҳушдори низомӣ дарбораи тавонмандиҳои падофандии Яман ва вокуниши Чин ба тавофуқи тиҷории Амрико ва Англис аз ҷумлаи таҳаввулоти муҳим ҷаҳонаст ки дар ин бастаи хабарӣ мехонед :
Вокуниши тунди Эрон ба изҳороти раиси Ҷумҳури Амрико Вазорти умури хориҷаи Эрон дар баёнияе суханони « Доналд Трамп » раиси Ҷумҳурии Амрико,ро кизб , тафриқаафканона ва гумроҳкунанда хонд ва таъкид кард ки Эрон ва кишварҳои минтақа таҳти таъсири ин иддаоҳо қарор нахоҳанд гирифт . Дар ин баёния омадааст ки Трамп дар ҳоле Эронро ба тахриби минтақа муттаҳам мекунад ки режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико муртакиби наслкушӣ дар Фаластин , Лубнон , Сурия ва Яман шуда аст . Дар баёнияи Вазорати умурхориҷаи Эрони таъкид шуда аст, ки суханони Трамп наметавонад халалӣ дар ҳамбастагии миллии эрониёни эҷод кунад зимни инки Амрико тайи 70 соли гузашта ҳамвора бо таҳримҳо ва ҳимоят аз режимҳои мутаҷовиз , монеъи пешрафти Эрон шуда аст . « Доналд Трамп » раиси Ҷумҳурии Амрико рӯзи сешанбе дар маҷмаъи сармоягузории Арабистон ва Амрико дар Риёз , Эронро ба бесуботсозии минтақаи муттаҳам кард .
Дипломасии иқтисодӣ ; Судӯри муҷаввизи ифтитоҳи аввалин шуъбаи банки русӣ дар Эрон
Дар ростои тақвияти равобити иқтисодии Теҳрону Маскав ва дар чорчӯби сиёсатҳои калони дипломасии иқтисодии давлат , бо дирояту ҳамроҳии банки марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон , муҷаввизи таъсиси нахустин шуъбаи як банки русӣ дар кишвари содир шуд . Ин иқдом дар пайи дидори расмии раисони Ҷумҳурии Эрону Русия дар январи гузашта ва имзои муоҳидаи ҷомеъи роҳбурди миёни ду кишвар сӯрати гирифта аст . Ифтитоҳи шуъбаи ин банки русӣ ба унвони гоми амалӣ дар масири тақвияти зерсохтҳои банкӣ ва молии муштарак ва нуқтаи атфӣ дар тавсеаи мубодилоти тиҷорӣ , сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба талаққӣ мешавад .
Сомонаҳои падофандии Яман таҳдидӣ барои ҷангандаҳои амрикоӣ ва пойгоҳои Ннзомӣ “ Warzone “ гузориш дод ки сомонаҳои падофанди ҳавоии мутаҳаррики Яман қобилияти радёбии модӯни қирмиз доранд ва метавонанд таҳдиде барои ҷангандаҳои пешрафта монанди F - 35 бошанд . Дар ин гузориш омада аст амалиёти низомӣ дар Яман фурсатӣ барои ёдгирии дарсҳои роҳбурдӣ бӯда ва баррасии эҳтимоли сарнигунии F - 35 тавассути Ямаи арзиши таҳқиқотӣ дорад .
Интиқоди Чин ба тавофуқи тиҷории Амрико Англис ва Чин
Тавофуқи ахири Амрико ва Англисро ки кишварҳои солис ( аз ҷумла Чин )ро ҳадафи қарор медиҳад , маҳкӯм ва эълом кард чунин тавофуқҳое набояд манофеи дигаронро таҳдид кунанд . Пекан нигарон аст ки Амрико аз ин тавофуқ барои ҳазфи Чин аз занҷираи таъмини ҷаҳонӣ истифода кунад . Ин чолиш барои давлати ҷадиди Англис аст ки мехоҳад байни ду абарқудрати иқтисодӣ мавзегирӣ кунад . Тавофуқи ахири Амрико ва Англис шомили коҳиши тарофаҳои Амрико бар содироти фӯлод ва худрави Англис мешавад , аммо машрӯт ба ин аст ки Лондон аз занҷираи таъмини Чин фосила бигирад .