Чаро ба расмият шинохтани кишвари Фаластин тавассути Ғарб инқадар тӯл кашид ?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121292
Порс тудей - Як наслкуши тӯл кашид то давлатҳои ғарбӣ дар мумошоти худ бо режими Исроил таҷдиди назар кунанду дарсадади ба расмият шинохтани кишвари Фаластин бошанд .
(last modified 2025-08-02T12:15:28+00:00 )
Август 02, 2025 17:15 Asia/Dushanbe
  • Чаро ба расмият шинохтани кишвари Фаластин тавассути Ғарб инқадар тӯл кашид ?
    Чаро ба расмият шинохтани кишвари Фаластин тавассути Ғарб инқадар тӯл кашид ?

Порс тудей - Як наслкуши тӯл кашид то давлатҳои ғарбӣ дар мумошоти худ бо режими Исроил таҷдиди назар кунанду дарсадади ба расмият шинохтани кишвари Фаластин бошанд .

 Middle East Eye ба тозагӣ дар матлабе навишт : Фаронса ва Британия , ҳар ду узви Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва “ J7 “ , эълом кардаанд ки омодаанд кишвари Фаластинро ба расмият бишносанд . Ба гузориши Порс тудей , «Mark Carney » нахуствазири Канада панҷшанбеи гузашта гуфт ки давлати ӯ низ қасд дорад дар нишасти отии Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк , Фаластинро ба расмият бишносаду теъдоди фазояндае аз кишварҳои ғарбӣ низ дар ҳоли иттихоз ё омодасозии мавозиъи мушобеҳӣ ҳастанд .

Акнӯн ин суол матраҳ мешавад ки чаро ин кишварҳо то ин ҳад барои ба расмият шинохтани Фаластин сабр кардаанд ?

Фишори афкори умумӣ 

Як далел , таҳаввули амиқ дар афкори умумии ғарб аст . Ин тағйири натиҷаи солҳо талоши мудовими афроду созмонҳои бешуморӣ аст ки барои тағйири сиёсати расмӣ талош кардаанд . Таъсири наслкушии Ғазза бар афкори умумӣ , ба лутфи ин кампайнҳо , бисёр сариътару густардатар аз ҳади маъмӯли зоҳир шуд . Ин тағйир акнӯн ғайриқобили бозгаштаст , мушобеҳи ончӣ пас аз қатли оми Sharpsville дар Африқои ҷанӯбӣ ( 1960 ) рух дод . Дар мувоҷиҳа бо буҳрони инсонии фазоянда дар Ғазза ва фишори рӯзафзӯни умумӣ , давлатҳои ғарбӣ маҷбур ба иқдом шудаанд . Аксари онҳо роҳи ҳилли намодин ва кам ҳазина монанди ба расмият шинохтани Фаластинро интихоб кардаанд то аз иқдомоти амалитар монанди таҳрими таслеҳотӣ ё диплумотики фирор кунанд . Аммо ин посух нишон медиҳад ки фишорҳои ношӣ аз кампайнҳои умумӣ метавонад натоиҷи малмӯс дошта бошад .

Бунбасти ношӣ аз иқдомоти Исроил

Далели дувум инаст, ки Исроил бо гуфтору кирдори худ , давлатҳои ғарбиро дар бунбаст қарор додааст . Барои даҳаҳо , ғарб « роҳи ҳали ду давлат »ро на ба унвони як сиёсати амалӣ , балки ба унвони шиори сиёсӣ истифода кард то зери пӯшиши он , Исроил битавонад сарзаминҳои фаластиниро замима ва сокинони онро овора кунад . Аммо акнӯн раҳбарони Исроил ошкоро аз аҳдофи худ барои ихроҷи фаластиниён аз Ғазза , замима кардани Каронаи Бохтарӣ ва ҷилавгирӣ аз ташкили давлати Фаластин сухан мегӯянд .

Шикасти тарҳи ҷойгузин

Далели сеюм , шикасти тарҳи Трамп барои ҷойгузини « одисозии равобити арабӣ - исроилӣ » ба ҷой « ҳақи таъйини сарнавишти фаластиниён »аст . Тавофуқи муомилаи қарн на танҳо ба ҳали масаълаи Фаластин кумак накард , балки бо ҳимояти расмии арабҳо , Исроилро ташвиқ кард то роҳи ҳали як ҷонибаи худро пеш бибарад . Аммо ин талошҳо дар 7 октябри 2023 бо шикаст мувоҷеҳ шуд . Имрӯз , ҳаргуна тавофуқи одисозӣ бидӯни тазмини ташкили кишвари Фаластин , ғайриқобили дифо аст .

Натиҷагирӣ

Воқеият ин аст, ки Исроил солҳост ки барои ишғоли ғайриқонӯнии Фаластин ва сиёсатҳои ҷинояткоронаи худ подош гирифтааст . Ин расвоӣ аст ки баъд аз вуқуъи наслкушӣ дар Ғазза , давлатҳои ғарбӣ дар мавозиъи худ таҷдиди назар кунанд . Акнӯн замони он аст ки ин давлатҳо на фақат бо иқдомоти намодин , балки бо қатъи ҳамкории низомӣ ва иқтисодии худ бо Исроил , ба нақзҳои ҳуқуқи башар поён диҳанд .