Ҳимояти ғайри мустақими Амрико аз ишғоли Ғазза тавассути Исроил
Порс Тудей – Вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, ки режими саҳюнистӣ таъйн мекунад, ки барои амнияти худ чӣ бояд анҷом диҳад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Форс, Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико аз қарори кабинети амниятии режими саҳюнистӣ барои ишғоли минтақаи Ғазза ба таври ишоравӣ ҳимоят кард.
Рубио дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Лаҳистон "EWTN" гуфт: Дар ниҳоят, ин Исроил аст, ки муайян мекунад барои амнияти худ чӣ бояд анҷом дода шавад.
Вазири корҳои хориҷии Амрико бо ҳамла ба муқовимати фаластиниҳо дар баробари ишғолгарии саҳюнистҳо, иддао кард: То замоне, ки Ҳамос вуҷуд дорад, ҳеҷ гоҳ сулҳ дар Ғазза барқарор нахоҳад шуд. Сабаби вуҷуд доштани Ҳамос ин аст, ки орзуи нобудии Исроилро дорад.