Аз аввалин ҳамлаи атомии таърих чӣ медонед?
Порс Тудей – 80 сол пеш, Амрико аз силоҳи мамнӯи атомӣ истифода кард ва бомбаи ураниумӣ бо номи мустаори «Писари хурд» (Little Boy)-ро бар сари сокинони шаҳри Ҳиросимаи Ҷопон партофт.
Шашуми августи соли 1945, Амрико аз бомбаи атомӣ, ки қудрати инфиҷории муодили 15,000 тонна ТНТ дошт, алайҳи Ҳиросима истифода кард ва ин шаҳрро вайрон ва тақрибан 70 дарсади онро сӯзонд.
Ба гузориши Порс Тудей, дар чанд моҳи аввал пас аз ин ҳамлаи атомии Амрико, тақрибан 140,000 нафар дар Ҳиросима ҷони худро аз даст доданд ва тақрибан 50 дарсади касоне, ки дар фосилаи 1,2 километр аз маркази инфиҷор қарор доштанд, дар ҳамон рӯз ҷон бохтанд ва мизони марг дар наздикии маҳалли инфиҷор 80 то 100 дарсад буд.
Бисёре дигар аз сокинони Ҳиросима дар солҳои баъд бар асари қарор гирифтан дар маърази шуоъафканӣ, ба далелҳое чун саратон ва дигар бемориҳо, ҷони худро аз даст доданд.
Танҳо се рӯз пас аз ҳамла ба Ҳиросима, нӯҳуми августи 1945, шаҳри Нагасаки низ ҳадафи бомбаборони атомии амрикоиҳо қарор гирифт. Дар ин ду ҳамлаи атомӣ, беш аз 220 ҳазор нафар аз мардуми Ҷопон ҷон бохтанд ва бисёри дигар низ то солҳо бо паёмадҳои марговари он дасту панҷа нарм карданд.
Амрико аввалин ва охирин кишварест, ки дар ҷаҳон аз бомбаи атомӣ истифода кардааст.