Тарифҳои бесобиқаи Трамп; масрафкукнандагони амрикоӣ чӣ қадар пардохт мекунанд?
Порс Тудей – Барои аввалин бор дар тақрибан 100 соли гузашта, сатҳи умумии боҷ(андоз)-и воридотии Амрико ба ҳадди бесобиқа расидааст.
Бо ҷорӣ шудани тарифҳои нав ба молҳои воридотӣ аз даҳҳо кишвар, ҳоло равшантар шудааст, ки сиёсати тиҷоратии Доналд Трамп чӣ таъсире ба истеъмолкунандагон ва соҳибкорон дорад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз NBC News, бештари кишварҳо бо боҷи 15-фоизаи Амрико рӯбарӯянд, бархе кишварҳои осиёӣ бо 19 фоиз, ва баъзе дигар аз 20 то 50 фоиз. Ҳамчунин қарор аст боҷи 55-фоиза ба молҳои истеҳсоли Чин ҳафтаи оянда ҷорӣ шавад, магар он ки тавофуқи тиҷоратӣ ҳосил гардад. Додаҳои нави ҳукумати Амрико нишон медиҳанд, ки дар пайи ҷорӣ шудани тарифҳо, нархи маводи ғизоӣ, мебел ва лавозимоти хона аз моҳи июн дар ин кишвар афзоиш ёфтааст. Бар асоси арзёбии маркази Budget Lab Донишгоҳи Йел, ин тарифҳо дар кӯтоҳмуддат боиси афзоиши 1,8-фоизаи нархҳо мешаванд, ки муодили коҳиши 2400-долларии даромади солонаи ҳар хонаводаи амрикоист.
Чӣ гуна ба ин ҷо расидем
Трамп дар моҳи апрел, тарифҳои густарда ба воридот аз 66 кишвар, Иттиҳоди Аврупо, Тайван ва ҷазираҳои Фолкланд ҷорӣ кард. Ин иқдом бо ҳадафи ҳимояти истеҳсоли дохилӣ ва барқарории тавозун дар тиҷорати ҷаҳонӣ анҷом шуд. Пас аз таътил шудани кӯтоҳмуддат, ӯ боҷи умумии 10-фоизаро ҷорӣ кард ва сипас ҳушдор дод, ки аз 1 август тарифҳо афзоиш хоҳанд ёфт, ки ниҳоятан аз панҷшанбеи гузашта иҷро шуд. Ҳамчунин, барои Канада боҷи 35-фоиза ва барои молҳои Бразилия 50 фоиз таъйин шуд. Трамп ахиран дастури афзоиши боҷи воридот аз Ҳиндро ба далели хариди нафти Русия аз 25 ба 50 фоиз имзо кардааст. Тарифҳои ғайримарказӣ ба алюминий, пулод ва дору низ ҳамоно боқӣ мондаанд.
Афзоиши нархҳо оғоз шудааст
Вазорати тиҷорати Амрико гузориш дод, ки дар моҳи июн нархҳо афзоиш ёфтаанд. Либос ва пойафзол аз ҷумлаи маводеанд, ки бештар аз ҳама аз тарифҳо таъсир мегиранд. Пешбинӣ мешавад, ки нархи пойафзол то 39 фоиз ва либос то 37 фоиз афзоиш ёбад. Ба таври миёна, амрикоиҳо ҳоло бо боҷи миёнаи 18,6 фоиз барои молҳои воридотӣ рӯбарӯянд, ки баландтарин сатҳ аз соли 1933 аст.
Ғизо ва нӯшокиҳо гаронтар мешаванд
Таҳлили Бунёди ғайриҳизбии андоз нишон медиҳад, ки тарифҳо боиси афзоиши нархи ғизо хоҳанд шуд, зеро Амрико барои таъмини ниёзи дохилӣ истеҳсоли кофӣ надорад. Нархи моҳӣ, қаҳва, нӯшокиҳои спиртӣ, банан ва пиво низ эҳтимолан афзоиш меёбад. Иттиҳодияҳои саноати нӯшокиҳои спиртӣ ҳушдор додаанд, ки боҷи 15-фоиза ба нӯшокиҳои аврупоӣ метавонад боиси аз даст рафтани беш аз 25 ҳазор ҷойи корӣ ва коҳиши 2 миллиард доллари фурӯш шавад.
Нархи мошин ҳоло собит мондааст
Баъзе истеҳсолкунандагони мошин, мисли Феррари, нархҳоро боло бурдаанд, аммо бештари брендҳо мунтазири маълумоти дақиқтар дар бораи тарифҳо мондаанд. Бо ин ҳол, мумкин аст вазъият тағйир ёбад. General Motors ҳушдор додааст, ки таъсири тарифҳо дар семоҳаи сеюми сол бештар эҳсос хоҳад шуд. Toyota низ аз коҳиши 37-фоизаи фоидаи худ дар семоҳаи дуюм хабар дода, онро ба тарифҳои Трамп рабт додааст.
Бахшҳое, ки ҳамоно норавшананд
Бо вуҷуди тарифҳои нав, ояндаи ин сиёсатҳо номаълум боқӣ мондааст. Истифодаи Трамп аз қонуни салоҳиятҳои изтирорӣ барои иҷрои тарифҳо бо чолишҳои додгоҳӣ рӯбарӯ шудааст ва эҳтимолан ба Додгоҳи Олӣ хоҳад рафт. Тарифҳо ба молҳои чинӣ ҳанӯз ниҳоӣ нашудаанд. Ҳамчунин, Трамп имтиёзи андоз барои бастаҳои арзиши камтар аз 800 долларро лағв кардааст; қонуне, ки ширкатҳои тиҷорати электронӣ барои гурез аз пардохти боҷ истифода мекарданд. Ин имтиёз аз 29 август барои ҳамаи кишварҳо лағв хоҳад шуд.